ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ПИРМАТОВ БАРОИ ТАШКИЛИ ПОЙГАИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР РОҲИ “БЕТОНКА”

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида аз ҷониби кормандони милитсия, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 87 86 МР 01, шаҳрванд Пирматов Насимҷон Бахтиёрович, санаи таваллудаш 17.12.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Худи Пирматов барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба иттилои милитсия, зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 20-уми январи соли 2024  дар шоҳроҳи кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, ки бо номи “бетонка” маъруф аст, бо мошинаш пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намудааст.
Мошини ӯро ҳам  боздошт ва ба ҷаримагоҳи милитсияи Душанбе дастрас кардаанд.
  Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба ронанда Пирматов Насимҷон тибқи талаботи моддаи 326 иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкили пойгаи ғайриқонунӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Бар асоси ин банди қонун ба Пирматов Насимҷон барои ташкили пойгаи ғайрирасмӣ ва иштирок дар он ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне аз 18 ҳазор то 21 ҳазору 600 сомонӣ) бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол таҳдид мекунад. Дар сурати такрори айни қонуншиканӣ ҳаҷми ҷарима ин дафъа 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 28 ҳазору 800 сомониро ташкил хоҳад дод.

Қонунгузорӣ пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмиро ҳамчун “пойгаҳои ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт, ки худсарона дар роҳҳои истифодаи умум бе мувофиқаи мақомоти ваколатдор гузаронида мешаванд”  таъбир мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button