Лоиқ Урунзода, сардори шуъбаи Агентии хидмати давлатӣ дар вилояти Суғд тақрибан як моҳ қабл бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин барои бунди бинои бисёрқабата дар шаҳри Хуҷанд дастгир шудааст.
Радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) рӯзи 24 январи соли 2024 хабар дод, ки ҳукми ҳабси Лоиқ Урунзодаро додгоҳи шаҳри Хуҷанд содир кардааст. Дар ин қарор сухан аз эҳтимоли дахолати Лоиқ Урунзода ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони бинои баландошёна аз ҳудуди як мактаби ронандагии шаҳри Хуҷанд меравад.
“Бо истифода аз ваколати мансабӣ… мактуб омода карда, ба таври сохткорӣ дар он имзои раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро гузоштааст,” – гуфта шудааст дар як бахши қарор.
Шаҳрдории Хуҷанд дар бораи аз имзои раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода сӯиистифода кардани як мансабдори давлатӣ то ҳол изҳори назар накардааст. Дар додситонии вилояти Суғд низ ба далели халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот дар бораи ин қазия маълумот надоданд.
Дар қарор гуфта шудааст, ки ин ҳолати сохтакории имзои раиси шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 2023 рух додааст. Вале пайвандонаш гуфтаанд, ки Лоиқ Урунзода дар он шабу рӯз дар сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ қарор дошт.
Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ исрор меварзанд ва таҳқиқи одилонаи қазияро талаб доранд. Онҳо аз президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва додситони кул Юсуф Раҳмон хостаанд, ки ҷараёни таҳқиқи ин парвандаро зери назорати худ бигиранд.
Лоиқ Урунзода 22 марти соли 1995 ба дунё омада, дар Донишгоҳи соҳибкорӣ, ҳуқуқ ва сиёсати шаҳри Хуҷанд ва Академияи хидмати давлати назди президенти Тоҷикистон таҳсил кардааст.
Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи кишварҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад. Аксари ҷиноятҳои коррупсионӣ дар кишвар ҳангоми гирифтани имзо ва иҷозати мансабдорон барои буд кардани ягон ҳоҷат содир мешаванд. Ҷудо кардани қитъаҳои замин чӣ барои сохтани хонаҳои истиқоматӣ ва чӣ барои бунёди мағозаву фурӯшгоҳ ё марказҳои тиҷоративу хидматрасонӣ аз арсаҳои аз ҳама фасодзада дар кишвар ба шумор мераванд.
Ҳар сол даҳҳо мансабдори давлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр, миёнравҳои онҳо бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ба даст меафтанд. Вале бо чунин иттиҳом боздошт шудани як мансабдори Агентии хидмати давлатӣ, ки салоҳиятҳояш дар асл ягон рабте ба тақсимоти қитъаҳои замин надорад, ҳодисаи хеле нодир аст.