ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

5 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДУШАНБЕВУ БАЛХӢ ВА ЁВОНУ ДАНҒАРА

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки аз 19 то 22 январи соли 2024 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 5 садамаи марговар рух додааст. Аз ҷумла шаби 19-уми январи соли 2024, тахминан соати 22:20, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Каролла», Саидов Сайдали Бадриддинович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Д.Халқҳои шаҳри Душанбе, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 30-соларо пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
20-уми январи соли 2024, тахминан соати 15:00, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-2107”, Малахов Айниддин, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Наврӯзи ҳамин ноҳия қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Бахтиев Хушвахт Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-2107”, Малахов А. ва мусофираш Абдуназаров Ҳилолиддин Суҳробович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, сипас дар беморхона Малахов А. ба ҳалокат расидааст.


21-уми январи соли 2024, тахминан соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Куганов Иброҳим Баротович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Чоргул ба самти ҷамоати деҳоти Даҳана, дар ҳудуди деҳаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Ҳикматуллозода Ибодулло Қурбоналӣ, соли таваллудаш 2018, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.Дар натиҷа, хурдсол Ҳикматуллозода И.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
21-уми январи соли 2024, тахминан соати 13:20, ронандаи мошини тамғаи “БМВ”, Аллаяров Шаҳбоз Рустамҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абай ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи бинои Гимназияи №4 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Толибова Маҳсума, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Толибова М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардидааст, вале, мутаассифона, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ва субҳи 22-юми январи соли 2024, тахминан соати 06:00, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Саймуроди Қиёмуддини Муртазозода, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои мошини тамғаи “Тойота-Кемри”, таҳти идораи ронанда Ҷаҳонгири Мумин, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Восеъ, ки бо сабабҳои нуқсонҳои техникӣ дар канори рости роҳ қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофирзани мошини тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаааст ва мусофирзани дигари мошини мазкур Исоева Бибисоро Машарифовна, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button