
Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки бори аввал ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта буд, дар мусобиқоти Ҷоми Осиё – 2023 дар Қатар боз як қадами таърихӣ гузошт ва бо касби мақоми дуюм дар гуруҳи “А” ба марҳалаи плей-офф роҳ ёфт!
Дар пайи ин дастовард Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА 7 зина боло рафта, бо касби қариб 1207 имтиёз дар зинаи 99 баъд аз Қазоқистону Фаластин қарор гирифт. Дар садри ин раддабандӣ Аргентина, Фаронса ва Англия қарор доранд.
Шогирдони Петр Шегрт дар даври сеюм ва ниҳоии мусобиқоти гуруҳӣ дар гуруҳи “А” дар бозӣ бо тими миллии Лубнон, ки шоми 22 январи соли 2024 дар варзишгоҳи “Ҷасим бин Ҳамад” дар шаҳри Давҳа бо ҳузури қариб 12 ҳазор тамошобин доир шуд, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.
Он ҳам дар ҳоле ки то дақиқаи 80-уми бозӣ ҳисоб ба нафъи тими Лубнон буд ва доварон бо истифода аз низоми VAR ду голи задаи футболбозони тоҷик: голи Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи панҷуми иловашудаи қисми аввали бозӣ ва голи Алишер Ҷалиловро дар дақиқаи 69 ҳисоб накарданд. Дар ҳар ду ҳолат доварон хулоса доданд, ки голҳо аз ҳолати нобозӣ (офсайд) зада шудаанд.
Дар ин байн тими Лубнон дар дақиқаи 49 тавонист ҳисобро кушояд. Голро Босил Зикриё Ҷиродӣ, нимҳимоятгари сисола аз тими “Бангкок Юнайтед” вориди дарвозаи Рустам Ятимов кард.
Дар дақиқаи 54 довар бозигари лубнониҳо Ал-Зайнро корти сурх дода, аз майдон ронд ва дигар он тараф корди футболбозони тоҷик болои равған шуд.
Дар дақиқаи 80-уми бозӣ билохира ба Парвиз Умарбоев, ки баъдан беҳтарин бозигари ин бозӣ дониста шуд, муяссар гардид, ки ҳисобро дар бозӣ баробар кунад.
Аммо нуқтаи ниҳоиро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи якуми вақти иловашуда ба қисми дуюми бозӣ гузошт. Тӯби задаи ӯ ҳисобро 2:1 ба фоидаи Тоҷикистон кард.
Ва ҳарчанд довар ба як гунаи хеле камсобиқа ба ин бозӣ 15 дақиқа илова кард, футболбозони тоҷик дигар пирӯзиро дар дастони худ маҳкам нигоҳ доштанд.
Дар видеоҳои нашркардаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дида мешавад, ки аъзои тими миллии Тоҷикистон таҷлили пирӯзии худро дар майдон оғоз карда, сипас дар ҳуҷраи либосивазкунӣ, дар автобус ва дар ниҳоят дар меҳмонхона идома доданд. Сармураббии даста мутахассиси хорвату олмонӣ Петр Шегрт бошад хурсандиву эҳсосоти худро пинҳон карда наметавонист ва такрору батакрор ин шиорро мепартофт ки: “Тоҷикистон, ба пеш!”
Дар бозии дигари даври сеюм ва ниҳоӣ дар гуруҳи “А” мизбонон аз тими Қатар бар мунтахаби Хитой (Чин) бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.
Ба ин тартиб, дар гуруҳи “А” Қатар бо касби 9 имтиёз ҷои аввалро ба даст овард. Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз ҷои дуюмро гирифт ва соҳиби роҳхати дуюм ба марҳалаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 гардид. Рақиби Тоҷикистон дар ин марҳала ҳанӯз маълум нашудааст.
Хитой бо касби ҳамагӣ ду имтиёз дар гуруҳи “А” ҷои сеюмро гирифт ва Лубнон бо ҳамагӣ як имтиёз дар зинаи аз ҳама охири ҷадвал ҷой гирифтааст.
Ҷоми Осиё-2023
✅ Гуруҳи “А”. Даври сеюм
Тоҷикистон – Лубнон – 2:1
⚽️ Голҳо: Босил Зикриё Ҷиродӣ, 47 (0:1). Парвизҷон Умарбоев, 80 (1:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 90+2 (2:1).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (Табрез Исломов, 90+12), Алишер Шукуров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 71), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев, Шервонӣ Мабатшоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 71), Алишер Ҷалилов (Руслан Хайлоев, 88), Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 71).
🔝 Бозигари беҳтарини бозӣ: Парвизҷон Умарбоев (Тоҷикистон).
🏟 22 январи соли 2024. Давҳа. Варзишгоҳи “Ҷассим бин Ҳамад”. 11 843 тамошобин.
| Бозӣ | Ғалаба | Мусовӣ | Бохт | Тӯбҳо | Имтиёз | ||
| 1 | Қатар | 3 | 3 | 0 | 0 | 5-0 | 9 |
| 2 | Тоҷикистон | 3 | 1 | 1 | 1 | 2-2 | 4 |
| 3 | Хитой | 3 | 0 | 2 | 1 | 0-1 | 2 |
| 4 | Лубнон | 3 | 0 | 1 | 2 | 1-5 | 1 |


