ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

МИСЛИ МАФИЯ БУДАНД, МАРДУМ АЗ ЗУЛМИ ОНҲО БА ДОД ОМАДА БУД… ЯК ФАРЗИЯИ АЗ КОР РОНДАНИ ДАҲҲО РАҲБАРИ НИҲОДҲОИ ҚУДРАТИИ КӮЛОБУ ХАТЛОН

Якбора дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амният аз кор пеш кардани роҳбарони тақрибан ҳамаи ниҳодҳои қудратии минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон аз ҷониби президенти Тоҷикистон инак чанд рӯз боз як мавзӯи асосии вирди забонҳо боқӣ мемонад ва фарзияҳои мухталиферо дар бораи сабабҳо ба чунин поккории ҷиддии сафҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният рӯ овадани Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд овардааст.

Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар ҷануби Тоҷикистон, дар як матлаб бо номи “Пешвои миллат миёни коррупсияро дар вилояти хатлон  дарҳам шикаст, кумакаш кунед!” дар саҳифаи ин нашрия дар Фейсбук аз зулми ин сардорон ба дод омадани мардуми минтақа, ба мафия табдил ёфтан ва аз онҳо ҳарос доштани ҳатто раисони шаҳру ноҳияҳои ҷануби ҷумҳуриро ҳамчун як сабаби асосии барканории онҳо ном бурдааст.

Аҳмади Иброҳим бо овардани рӯйхатти мансабдорони ронда шуда, менависад: “Ин номгӯйи нопурраи ҳамон масъулинест, ки аз зулмашон мардуми минтақа ба дод омада буд. Ин тоифа чунон муттаҳид буданд, раисони навоҳӣ ва шаҳрҳо ҳам аз онҳо ҳарос доштанд. Ҳар рӯз камаш 10 нафар аз зулми онҳо ба ҳафтавори «Пайк» шикоят мебурданд. Чун ҳафтавор байни ин ҳама масъулини фаолияташон мушобеҳи мафия танҳо монда буд, ба доди ҳама расида натавонист, маъзарат мехоҳем.”

Дар идомаи матлабаш, сардабири “Пайк” аз президент Эмомалӣ Раҳмон ситоиш кардааст, ки роҳро ба суйи адолат кушод” ва акнун бояд “ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар атрофи Пешво муттаҳид шуда, баҳри пойдории адолат ва пояҳои давлатдорӣ бояд мубориза барем, роҳи дигар нест… Ҳоло бояд миллат мутмаин бошад, ки Пешвои миллат ҳамаро мебинад, рӯҳафтода нашавед, ин иқдомро дастгирӣ кунед, то дигарбора мафия сар набардорад. Нагузоред, ки чунин мафияҳо пояҳои давлатдориро суст гардонида Истиқлолияти кишварро зери суол гузоранд, набошад ҳоли ҳама бад мешавад”.

Аҳмади Иброҳим ҳамин тавр, иҷро нашудани нақшаи даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳро низ “натиҷаи ғоратгарии ҳамин тоифа” номида, аз ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва суханронии намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба ободонии шаҳри Кӯлоб бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ  Азим Иброҳим нақли қавл кардааст, ки “рӯ ба комиссари ҳарбӣ оварда хеле ошуфта гуфт, ки ман аз ҳама кирдорҳои шумо бохабарам, афсӯс, ки аз дастатон нақапидаам”.

“Албатта, вазир солдатфурӯширо дар назар дошт ва дуруст ҳам қайд кард. Масъулини разил ба ҷойи пур кардани нақша кисса пур мекарданду даъватшавандагонро бо ҳар роҳу восита мегурезониданд”, – менависад муаллифи мақола.

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 январи соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Шӯрои амнияти ин кишвар низ ҳаст,  дар ҷаласаи Шӯрои амният аз сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба саффи мақомот ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарон дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб бо овардани мисолҳои мушаххас ба тундӣ интиқод карда,

супориш дод ки:

— Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Кӯлоб, сардорони шуъбаи милитсияи шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорати корҳои дохилӣ аз вазифа озод карда шаванд.

— Прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо аз вазифаашон озод карда шаванд.

— Сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони якчанд раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз вазифа озод карда шаванд.

— Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ бо супориши Президенти мамлакат аз мақомот озод карда шаванд.

— Сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар низ аз вазифа озод карда шаванд.

Инчунин ба вазири мудофиа ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода шуд, ки командирони қисмҳои низомиеро, ки ба камбудиву қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, аз вазифа озод карда, ҷиҳати бартараф намудани ҳама гуна ҳаракатҳои ғайриоинномавӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, аз натиҷааш ба таври хаттӣ дар муддати 10 рӯз ҳисобот диҳанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, худи ҳамон рӯз бо имзои як фармон амр дод, ки саффи кормандони БДА (ГАИ) 30 фоиз ихтисор карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Чаноби Оли 1 бояд ана хами шуъбаи кадри худро аз кор бояд ронад. Чунки хамаи ин фасодзадахо бо рохбарии у сохиби мансаб шуда буданд!!!!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button