ДАР СӮХТОРИ БОЗОРИ САМАРА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ЗАРАРИ ЗИЁД ДИДАНД (ВИДЕО)

Cубҳи 22 январи соли 2023 дар шаҳри Самара дар ҷануби Русия бозори Киров, яке аз бозорҳои либоси аз ҳамаи бузургтарин дар ин минтақа ба коми оташ рафт. Дар ин сӯхтор тоҷирони тоҷике, ки дар бозори Киров мағозаҳои зиёд доштанд, низ зарар дидаанд. Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки чӣ гуна тоҷирон талош мекунанд, то ақалан як қисми молҳои худро аз чанги оташ наҷот диҳанд.
Бино ба иттилои расмӣ, аввалин хабар дар бораи сӯхтор дар бозори Киров ба дасти мақомот соати 09:31 субҳи душанбе, 22 январ расид. Ба ин офат дараҷаи сӯхтори дараҷаи ду додаанд. Дар аввал майдони сӯхтор ҳамагӣ 120 метри мураббаъ буд, вале доманаи оташ ба зудӣ ба дигар растаҳои бозор паҳн шуда, майдони оташро аз марзи 1000 метри мураббаъ ҳам бештар кард.
Дар аввал барои фурӯ нишондани оташ 68 сӯхторнишон бо 22 мошини сӯхторнишонӣ сафарбар карда шуд, вале зӯри онҳо нарасид ва ба ин далел, аз Кинел як қатори роҳи оҳани сӯхторнишониро ба кумак даъват карданд.
Танҳо соати 11:29 ба сӯхторнишонҳо муяссар шуд, ки пеши роҳи густариши сӯхторро бигиранд. Сӯхтор асосан соати 12:15 хомӯш карда шуд, вале алангаҳои он дар гӯшаҳои гуногуни бозор боз ягон соати дигар мушоҳида мешуд.
Раҳбари раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Самара Алексей Степанов дар ҷаласаи ҳукумати вилот гуфт, фарзияи асосии сӯхтор режими садамавии кори ноқилҳои барқ аст.
Дар видеое, ки тоҷикони шоҳиди сӯхтори бозори Киров ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки бозор дар панҷаи оташ қарор дорад. Муаллифи видео хабар медиҳад, ки дар ин сӯхтор чандин контейнери бачаҳои тоҷик, аз ҷумла контейнери молҳои Ғайрат пурра ба коми оташ рафта, контейнери молҳои майда чуйдаи Достон ва чандин мағозаи Қорӣ Маҳфузуллоҳ низ сӯхтаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, аз байни тоҷирони тоҷик дар сӯхтори бозори Киров аз ҳама бештар Қорӣ Маҳфузуллоҳ зарар дидааст.
Бозори либоси Киров яке аз бузургтарин бозорҳо дар Самара ба шумор меравад. Дар ин бозор садҳо муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон низ кор мекарданд.
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия ба тиҷорат машғуланд, бар асари сӯхтор дар бозору фурӯшгоҳҳо дар ин кишвар зарар мебинанд.