ДАР АЛМА-АТО ОДАМОН АЗ ҚАБАТИ ДУЮМУ СЕЮМ ХУДРО ПАРТОФТАНД, БО ВУҶУДИ -13 ДАРАҶА САРДӢ ШАБРО ДАР КӮЧА РӮЗ КАРДАНД… (ВИДЕО)
Соати дувоздаҳи шаби 23 январи соли 2024, соати 00:09 дар марзи Қирғизистону Хитой бо вилояти Шинҷони Чин заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер 7 балл ба амал омад. Бинр ба иттилои Хадамоти геологии Амрико, маркази заминларза дар фосилаи 129 километр аз шаҳри Ойкӯли вилояти Шинҷон, 264 километр аз Алма-Ато ҷойгир шуда буд. Маркази зилзиланигории вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод, ки маркази заминларза дар ҳавзаи Оқсӯи вилояти Шинҷон дар фосилаи 862 километр дар самти ҷанубушарқи Тошканд ҷойгир шуда, замин дар ин ҷо дар умқи 15 километр ларзидааст. Тақрибан баъди ним соати заминларзаи аввал паиҳам чанд пасларзаи он бо шиддати то 5,5 балл низ ба амал омадаст.
Вале сокинон аз ҳама бештари иқтидори заминларзаи якум тарсонд. Шиддати он дар Алма-Ато 5 балл, дар Бишкек – 4-5 балл ва дар Тошканд 3 баллро ташкил дода, бино ба хабарҳо, ба вижа дар АлмаАто сокинонро сахт тарсондааст.
Бисёре аз сокинони пойтахти ҷанубии Қазоқистон хонаҳои худро тарк карда, бо вуҷуди -13 дараҷа сардӣ шабро дар кӯчаҳо рӯз карданд. Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки се сокини АлмаАто ҳатто аз қабатҳои дуюм ва сеюми бино худро ба замин партофта, ҷароҳат бардоштанд. Ҳамин тавр, дар роҳҳои баромад аз Алма-Ато, бавижа дар атрофи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ танба (пробка) ба вуҷуд омадаст.
Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки дар пайи заминларза дастикам 44 нафар барои кумак ба табибон муроҷиат кардаанд,
“Ба бемористонҳо 44 нафар оварда шуданд. Аз ин шумор 34 нафараш калонсолон буда, аз онҳо 3 нафарро дар бемористонҳо хобонданд ва 31 нафарро ба табобати амбулаторӣ фиристоданд, Ҳамчунин ба 10 кӯдак кумаки тиббӣ расонда шуд. Аз ин кӯдакон 5 нафарро дар беморхонаҳо хобонданд ва 5 кӯдаки дигарро ба табобати амбулаторӣ фиристоданд”, – хабар дод хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Қазоқистон.
Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон Бообек Аҷикеев хабар дод, ки дар ин кишвар ягон зарару талафот сабт нашудааст. Мақомоти Ӯзбекистон низ айни хабарро додаанд.
Коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов, ки дар Алма-Ато кору зиндагӣ мекунад, дар Фейсбук таассуроташ аз заминларзаи шабонаро чунин ба қалам додааст:
“Сахт.
Алма-Ато меларзад.
Ҳатто дар Тоҷикистони зилзилахез ман чунин заминҷунбии сахтро эҳсос накарда будам”.