ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ ТАКСИ БАРОИ ДУЗДИДАНУ ФУРӮХТАНИ ТЕЛЕФОНИ МУШТАРӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 23 январи соли 2024

Дастгир гардидани ронанда бо ҷурми дуздӣ

197Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 22-юми январи соли 2024, ҳангоми дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ба автомашинаи кироякаш (таксӣ) савор шудан аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А54” афтидааст. Баъдан ронандаи таксӣ аз дохили автомашина телефони мазкурро дарёфт намуда, ба маблағи 2 ҳазору 900 сомонӣ фурӯхтааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми январи соли 2024, марди 41-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи пинҳонӣ ба амборхонааш даромада, аз он ҷо 1-адад асбоби кафшергарӣ ва дигар таҷҳизоти сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 32 ва 34-солаи сокинони шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон, шаби 18 ба 19-уми январи соли 2024, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 55-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо либосҳои занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобиҳо вобаста ба маҳсулоти кимиёвӣ ва қаннодӣ

198Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд аз 1-уми май то 17-уми декабри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, маҳсулоти кимиёвӣ ва қаннодиро ба маблағи 93 ҳазору 85 сомонӣ ҳамчун қарз гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ за ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд аз соли 2017 то моҳи декабри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, маҳсулоти кимиёвӣ ва қаннодиро ба маблағи 195 ҳазору 790 сомонӣ ҳамчун қарз гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани якчанд ҳодисаи дуздӣ

143Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун аризаи зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 20 ба 21-уми январи соли 2024, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз манзили истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ за ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи ноябри соли 2023, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёи рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ за ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button