ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ЗАНОЗАНИИ НАВБАТИИ НАВРАСОН ДАР ДУШАНБЕ БА ТАҚЛИД АЗ СЕРИАЛИ “ҚАВЛИ ЙИГИТ” (“СЛОВО ПАЦАНА”)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 21 январи соли 2024 аз боздошти боз 13 наврас дар пайи занозании шаби 20 январ дар кӯчаи Маяковскийи пойтахти Тоҷикистон хабар дод. Чунин ба назар мерасад, ки ин бор ҳам наврасон ба тақлид ва таҳти таъсири сериали русии “Қавли йигит” (“Слово пацана”) аз гиребони якдигар гирифтаанд. Аз аввали соли нав ин алакай дуюмин мавриди боздошти наврасон барои авбошӣ таҳти таъсири ин сериал аст.

Рӯзи 21 январ  канали “Парвиз ТВ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои занозании гуруҳии байни наврасон дар маҳаллаи 33-юми пойтахт, дар наздикии корхонаи “Ширин”-ро  нашр кард. Дар видео дида мешуд, ки як гуруҳи наврасон як гуруҳи дигарро таъқиб доранд ва раҳгузарон аз тарс бо шитоб худро аз сари раҳи ин издиҳом канор гирифта истодаанд. Ин видеоро метавон бо пахш кардани хатти зер тамошо кард:

ЗАНОЗАНИИ НАВРАСОН ДАР МАҲАЛЛАИ 33

Алакай шоми 21 январ, ҳамагӣ чанд соат баъди нашри ин навор раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе вобаста ба ҳолати мазкур ба иттилои шаҳрвандон расонд, ки ин ҳодиса санаи 20-уми январ, тақрибан соати 20:00, дар кӯчаи Маяковский рух додааст ва “кормандони милитсияи пойтахт худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ 13 ноболиғро боздошт намуда, саривақт пеши роҳи муноқиша ва оқибатҳои нанговарро гирифтаанд”.

Худи ин наврасон ва наздиконашон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ба иттилои милитсия, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки қаблан хонандагони МТМУ №8 ноҳияи И.Сомонӣ ва хонандагони МТМУ №43 ва №52 ноҳияи Сино тавассути шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» байни ҳамдигар муноқишаи лафзӣ намудаанд. Бо ин мақсад, аз ду ҷониб гурӯҳи наврасон ҷамъ шуда, мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кунанд”.

РВКД Душанбе бори дигар таъкид кардаст, ки “маҳз корбарии саривақтӣ аз ҷониби кормандони милитсия боис гашт, ки муноқишаи мазкур бо оқибатҳои фалокатовар пешгирӣ карда шавад”.

Вобаста ба ин ҳодиса  нисбат ба волидайни ин 13 иштирокчии ноболиғи занозанӣ дар кӯчаи Маяковский тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи аз 216 то 360 сомонӣ, муоидил аз 20 то 32 долларро муқаррар кардааст.

Аз аввали сол ин алакай дуюмин ҳолати боздошти ноболиғон дар Душанбе барои авбошӣ ва худнамоист, ки зоҳиран ба тақлид ва таҳти таъсири сериали русии “Қавли йигит” (“Слово пацана”) сурат гирифтаанд.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 3 январи соли 2024  аз боздошти 4 ноболиғ барои авбошӣ ва худнамоӣ хабар дод ва гуфт, ҳамаи онҳо хонандагони мактабанд.

Ҳамчун гумонбар ноболиғон:

Садулоев Фатҳулло Хайрулоевич, санаи таваллудаш 09.09.2006, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Набиев, хонандаи синфи 11-и МТМУ №99,

Ҳабибуллозода Сулаймон Мирзошо, санаи таваллудаш 25.10.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи К.Хуҷандӣ, хонандаи соли якуми Литсейи техникӣ,

Мавлонназаров Интизор Гулмирзоевич, санаи таваллудаш 22.09.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимова,

Қурбонов Эҳсон Шералиевич, санаи таваллудаш 05.02.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ю.Вафо хонандаи синфи 10 МТМУ №50, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуданд.

Худи ин наврасон ва волидони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Душанбе гуфт, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда Садуллоев Фатҳулло ҳангоми дар кӯчаи Балъамӣ, назди майдончаи варзишӣ қарор доштан, бе ягон асос як нафар ноболиғи ҳамсоли худро бо мушту лагат ва чӯбдаст мавриди латукӯб қарор додааст. Ин ҳолатро дигар ҳамроҳони ӯ мушоҳида намуда, барои содир намудани ин амали нангин ба номбурда мусоидат намудаанд.

Ҳамзамон ноболиғи дигар, шаҳрванд Ҳабибуллозода Сулаймон ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомӣ қарор доштан як нафар марди сархушро мавриди латукӯб қарор додааст. Боиси таассуф аст, ки нобурдагон ҳамзамон ин амалҳои нангини худро ба навор гирифта, ҳамчун худнамоӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн кардаанд, ки ин амали нангину ноҷавонмардонаи онҳо боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид.

Гуфта мешуд, вобаста ба ин ҳолатҳо аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button