Ҳодиса

ВИДЕО: ЧОР УЗВИ ЭКИПАЖИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО БА КОБУЛ ОВАРДАНД

Рӯзи 22 январи соли 2024 чор узви зиндамондаи экипажи ҳавопаймои Falcon 10 аз вилояти Бадахшон дар шимолушарқи Афғонистон ба пойтахти ин кишвар оварда шуданд. Ҳавопаймои  онҳо, ки ба ширкати русии “Атлетик Групп” тааллуқ дошт, шоми шанбе, 20 январ дар ноҳияи Вахони Бадахшон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон суқут кард.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид бо нашри чанд видео  дар саҳифааш дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) хабар дод, ки: “Чор узви наҷотёфтаи ҳавопаймои русии дар Бадахшон суқуткардаро ба Кобул оварданд. Наҷотдиҳандагон аз вазоратхонаҳои ҳавонавардӣ ва ҳифзи сиҳҳат ба онҳо кумаки аввалияи тиббӣ расонданд. Онҳо худро хуб ҳис мекунанд”.

Дар бораи ду мусофири ин ҳавопаймо зану шавҳар Виталий ва Анна Евсюковҳо чизе гуфта нашудааст. Маҳз писари онҳо Анатолий Евсюков, ки молики чандин бозору фурӯшгоҳ дар шаҳри Волгодонски вилояти Ростов дар ҷаануби Русия аст, ин ҳавопайморо барои аз Таиланд ба Русия овардани модараш, ки дар осоишгоҳи Патайяи Таиланд бемор шуд, киро карда буд. Худи Анатолий Евсюковро ба далели набудани ҷойи холӣ ба ин ҳавопаймо нагирифтанд ва ӯ маҷбур шуд, ки бо парвози маъмулӣ ба Русия баргардад.

Шоми шанбе, 20 январ, экипажи ҳавопаймои Falcon 10, ки бо хатсайри Утапао (Паттайя, Таиланд) – Гая (Ҳиндустон) — Тошканд (Ӯзбекистон) – Жуковский (Русия) парвози чартерии тиббиро анҷом медод, ҳангоми дар фазои шимоли Афғонистон қарор доштанаш, дар бораи кам будани сӯзишвориаш хабар дода, барои фуруди ғайринақшавӣ дар фурудгоҳи Кӯлоб дар ҷанубушарқи Тоҷикистон иҷозат пурсидааст.  Аммо баъди чанде як муҳаррик ва сипас муҳаррики дуюми ҳавопаймо аз кор баромадааст ва соати 17:35, вақте ки то расидан то фурудгоҳи Кӯлоб барояш ҳамагӣ 57 километр роҳи дигар боқӣ монда буд, ҳавопаймо аз радарҳо комилан ғайб зад.

Баъдан хабару аксу видеоҳое ба даст расид, ки дар бораи суқути ин ҳавопаймо дар як минтақаи барфпӯши кӯҳистон дар ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон хабар медоданд.

Бино ба маълумоти Росиавиатсия, ин ҳавопаймои Falcon 10 (рақами сабташ RA-09011; рақами силсилавиаш – 128) аз ҷониби ширкати фаронсавии Dassault Aviation соли 1978 сохта шуда, ба ширкати ООО “Атлетик Групп” тааллуқ дошт. “Атлетик-Групп” дар шаҳри Любертсии вилояти Маскав сабти ном шуда, ба фаъолиятҳое, чун интиқоли мусофирон бо ҳавопаймо, фурӯши чакана ва ташкили марказҳои фитнес машғул аст.

Мусофирони ҳавопаймо оилаи соҳибкорони шинохта аз шаҳри Волгодонски вилояти Ростов будаанд. Писари онҳо Анатолий Евсюков дар Волгодонск молики чандин бозору фурӯшгоҳ, аз ҷумла фурӯшгоҳҳои «Машенка», «Атлант» ва «Авангард» ва боз як силсила биноҳои тиҷоратии дигар буд.

Ба иттилои ин канал, Анатолий Евсюков ҳамроҳи падару модараш Виталий ва Анна Евсюковҳо рӯзи 15 декабри соли 2023 барои истироҳат ба Таиланд рафта буданд. Дар онҷо аҳволи Анна Евсюкова бад шудааст ва ӯро рӯзи 17 декабр дар бемористони Паттайя бистарӣ кардаанд. Табибони маҳаллӣ гуфтаанд, ки ӯро инфексияе аз пой афкандааст. Анна Евсюковаро ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ (ИВЛ) пайваст кардаанд. Баъди як моҳ аҳли хонавода барои ба Русия интиқол додани ӯ ҳавопаймои махсус киро кардаанд. Аммо дар ҳавопаймои хурд ба писари Евсюковҳо ҷой нашудааст ва Виталий маҷбур шудаааст, ки бо парвози маъмулӣ ба Русия баргардад ва зинда монад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button