ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳанг

ТО БАҲОРОН ЗИНДА МОНАМ… ШОИРИ ТОҶИКИ МУҲОҶИР АБДУВОҲИД ҶАББОРПУРРО ДАР РУСИЯ БО САКТАИ ҚАЛБ БИСТАРӢ КАРДААНД

Абдувоҳид Ҷабборпур, шоири тоҷики муқими Русияро бо нишонаҳои бемории сактаи қалб дар шуъбаи кардиологии бемористони вилоятӣ дар шаҳри Благовешенски вилояти Амур дар минтақаи Шарқи дури Русия бистарӣ кардаанд.

Дар ин бора нашри чанд акси Ҷабборпур аз бемористон канали Қорӣ Исмат дар шабакаи Телеграм хабар дод. Аз ин аксҳо бармеояд, ки шоири тоҷики муҳоҷир дар бахши табобати шадид ё интенсивии бемористони вилоятӣ таҳти табобат қарор дорад.

Дар бораи вазъи Абдувоҳид Ҷабборпур маълумоти дигаре дода нашудааст. Канали “Қорӣ Исмат” танҳо ин байти Ҷабборпурро дар хабараш изофа кардааст:

То баҳорон зинда монам, ё намонам,
Баҳри ёрон зинда монам ё намонам…

Абдувоҳид Ҷабборпур 39 сол дорад. Ӯ 9 майи соли 1984 дар деҳаи Қиёқлӣ (ҳоло Ҳафтрӯд) дар кӯҳистони ҷамоати Шинг дар канори шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст.

Абдувоҳид Ҷаббор солҳои зиёде боз дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.

Ашъори ӯ дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба сурати пароканда чоп шудааст, вале то кунун Ҷабборпур шеърҳояшро ба шакли китоб мураттаб ва нашр накардааст.


Дар зер ду намуна аз ашъори Абдувоҳид Ҷабборпурро пешкаш мекунем:

ТИРАМОҲ

Тирамоҳам!

Ин қадар зарду заифам

Ин қадар пур гарду чангам.

Дард дорад ҷисму ҷонам,

Зард гашта рӯю рангам.

Ҳамчу дуздон дар дили шаб,

Бод тороҷам намуда.

Аз диёри нозанинам,

Дафъу ихроҷам намуда.

Теғи худ бар ҷигарам зад,

Сангу хоке бар сарам зад.

Бо ҳама ин сӯзу созам,

Мушти сахти дигарам зад.

Бе танобам банд карда

-Қулфи ғурбат бар дарам зад…

Гаштаам ман лухту урён,

Ҷомаам сад пора гашта.

Чораҷӯям нест дигар,

Чораам бечора гашта.

Ин хазонии маро бин,

Хунфишонии маро бин.

Заъфаронии маро бин.

Нотавонии маро бин,

Бе нишонии маро бин.

Ин қадар зарду заифам!

Ин қадар пур гарду чангам.

Дард дорад ҷисму ҷонам,

Зард гашта рӯю рангам.

Тирамоҳам…

Субҳ будам, шом гаштам,

Тира моҳам…

МАН ГИРЯ КАРДАМ ДАР РӮЗИ  ВАҲДАТ…

Як тан намонда,

Дар хонадонам.

Ҳамсояи ман

Шуд хонабонам.

Занҷиру қулфам

Зард асту занг аст.

Ҷилди китобам

Пур гарду чанг аст.

Девори хона

Афтида бар хок.

Ҳамчун дили ман,

Садпораву чок.

– Болору сақфаш,

Чӯкида бошад.

Бар хоку хошок,

Ҷӯлида бошад.

Даҳ сол бигзашт,

Дур аз ватан ман.

Танҳову танҳо,

Бе хештан ман.

Дигар намонда

Зӯру мадорам.

Ҷуз ҷуссаи қоқ,

Чизе надорам.

Бингар ту боре:

Оворагиям.

Фарсудагиям,

Бечорагиям.

– Сарсонии ман

Дар мулки ғурбат.

Ман гиря кардам

Дар рӯзи Ваҳдат?!…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button