ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ҚАЛЛОБӢ БО МОШИНҲОИ ТАМҒАИ “ЛЕКСУС” ВА ЯК ҚАЛЛОБИИ ДИГАР БО 143 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛИ НАҚД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 20 январи соли 2024

Қаллобӣ бо баҳонаи хариду фурӯши ғайринақдӣ

192

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд ки марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо мақсади қаллобӣ дар шабакаи эълонҳои хариду фурӯши молу маҳсулоти «Somon.tj» як акси автомашинаи тамғаи «Лексус 570», ки ба ӯ алоқамандӣ надоштааст, гузошта гӯё автомашинаи дар аксбуда ба ӯ тааллуқ дорад, бо нархи нисбатан арзон онро ба фурӯш гузоштааст.

Ба эълони дурӯғи ӯ марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бовар карда, бо ӯ дар тамос шудааст.
Гумонбаршаванда, ҷабрдидаро фиреб карда ба охирин ваъда додааст, дар муддати 25 рӯз автомобили мазкурро ба шаҳри Душанбе оварда, бар ивази 230 ҳазор сомонӣ ба ӯ мефурӯшад.
Ӯ бо баҳонаи пешпардохт дар се марҳила, қисм-қисм, ҷамъ ба маблағи 62 ҳазору 100 сомонӣ аз ҷабрдида бо роҳи фиреб гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе санаи 5-уми октябри соли 2023, ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ3 350 Лонг»-ро 750 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, тариқи ғайринақдӣ харидорӣ карда, ба ӯ ваъда додааст, ки қисми маблағи пулиро пешпардохт намуда, боқимондаро дар муддати 2 моҳ ба ӯ пардохт менамояд.
Гумонбаршаванда автомашинаро фурӯхта маблағи бадастовардаашро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Расонидани зарари махсусан калони моддӣ

images1

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи июн то моҳи октябри соли 2023, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур марди 29-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 143 ҳазору 800 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Дар натиҷа, ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 143 ҳазору 800 доллари амрикоӣ, баробар ба 1 миллиону 576 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button