ТО КӮЛОБ ҲАМАГӢ 57 КМ МОНДА БУД… СУҚУТИ ЯК ҲАВОПАЙМОИ РУСИЯ ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН (ВИДЕО)
Агентии авиатсионии Русия Росиавиатсия рӯзи 21 январи соли 2024 тасдиқ кард, ки бегоҳии рӯзи 20-уми январ, дар фазои Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҳавопаймои “Falcon 10”, ки дар феҳрасти давлатии ҳавопаймоии шаҳрвандии Русия сабти ном шудааст, аз радарҳо ғайб зад ва робита он ҳам қатъ гардид.
Бино ба гуфтаи ин ниҳод, ҳавопаймо рейси чартериро дар масири Гая (Ҳиндустон) – Тошканд (Ӯзбекистон) – Жуковский (Русия) анҷом медод ва дар дохили он 6 нафар, аз ҷумла 4 узви экипаж ва 2 мусофир ҳузур доштанд.
“Росиавиатсия бо мақомоти авиатсионии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамос аст. Ҷустуҷӯи ҳавопаймо идома дорад”, – омадааст дар хабар.
Бино ба маълумоти Росиавиатсия, ин ҳавопаймои Falcon 10 (рақами сабташ RA-09011; рақами силсилавиаш – 128) аз ҷониби ширкати фаронсавии Dassault Aviation соли 1978 сохта шуда, ба ширкати ООО “Атлетик Групп” ва як нафар тааллуқ дошт. “Атлетик-Групп” дар шаҳри Любертсии вилояти Маскав сабти ном шуда, ба фаъолиятҳое, чун интиқоли мусофирон бо ҳавопаймо, фурӯши чакана ва ташкили марказҳои фитнес машғул аст.
Раиси ин “Атлетик-групп” Екатерина Агапова рӯзи 21 ба News.Ru гуфт, ки онҳо ҳанӯз дар бораи ин ҳодисаи фоҷиавӣ маълумоти кофӣ дор даст надоранд.
“Ҳанӯз чизе рӯшан нест ва ман ҳоло талош дорам, то асли ҳодисаро маълум кунам, ки чӣ рух дод? Ҳанӯз маълумоти тасдиқшудае нест дар дасти мо”, — гуфтааст хонум Агапова.
Қаблан гуфта мешуд, ки ҳавопаймо аз Гаяи Ҳиндустон тавассути Тошканди Ӯзбекистон ба фурудгоҳи Жуковский дар канори Маскав парвоз анҷом медод. Баъдан маълум шуд, ки ҳавопаймо аз фурудгоҳи Утапао, воқеъ дар фосилаи 40 километр аз осоишгоҳи машҳури Паттайяи Таиланд ба парвоз хеста, тавассути Гая ва Тошканд ба Маскав раҳсипор шудааст.
Ҳамчунин маълум шуд, ки ин ҳавопайморо як соҳибкори рус барои аз Паттайя ба Русия интиқол додани ҳамсари дар инҷо беморшудааш фармоиш додааст. Зану шавҳарро дар ин парвоз аъзои экипаж ва табибон ҳамроҳӣ мекардаанд.
Хабаргузории афғонии Aamaj News (Омоҷ Нюс) хабар дод, ки ҳавопаймо дар шимолушарқи Афғонистон, дар ҳудуди дараи Вахони вилояти Бадахшон суқут кардааст. Хабаргузории дигари афғонии Khaama Press (Хома Пресс) хабар дод, ки ҳавопаймо қабл аз суқут аз масири худ хориҷ шуда, дар як минтақаи кӯҳистонӣ ба замин афтодааст.
Намояндаи ҳаракати тундрави Толибон, ки ҳоло умури Афғонистонро дар даст дорад, гуфт, ки онҳо ба маҳалли сониҳа як гуруҳро барои таҳқиқ фиристоданд.
Бино ба арзёбиҳо, сабаби аз масир хориҷ шудан ва суқути ҳавопаймо нуқсони фаннӣ, эҳтимолан, камбуди сӯзишворӣ шудааст. Бархе манобеъ хабар медиҳанд, ки экипажи Falcon 10 чанд дақиқа қабл аз суқуташ дар бораи кам будани сӯзишвориаш хабар дода, барои фуруди ғайринақшавӣ дар фурудгоҳи Кӯлоб дар ҷанубушарқи Тоҷикистон иҷозат пурсидааст. Аммо баъди чанде як муҳаррик ва сипас муҳаррики дуюми ҳавопаймо аз кор баромадааст.
“Соати 17.19 халабон дар бораи аз кор баромадани муҳаррики якум ва соати 17:20 дар бораи аз кор мондани муҳаррики дуюми хабар дод. Соати 17.35 ҳавопаймо дар фосилаи 161 километр аз шаҳри Душанбе аз радарҳо ғайб зад “, – гуфта мешавад дар хабарҳо.
Ҳамчунин бино ба хабарҳо, ҳавопаймо вақте суқут кард, ки барои расидан то фурудгоҳи Кӯлоб барояш ҳамагӣ 57 километр роҳи дигар боқӣ монда буд.
Телеграм-канали 112 номи 6 нафареро, ки дар ин ҳавопаймо буданд, нашр кард:
Экипаж:
Дмитрий Беляков;
Аркадий Грачёв;
Игорь Сивороткин;
Павел Попов.
Мусофирон:
Анна Евсюкова;
Анатолий Евсюков.
Аз номҳояшон бармеояд, ки ба эҳтимоли ғолиб, ҳамаи онҳо аз Русияанд.
112 ҳамчунин хабар дод, ки Виталий, писари Евсюковҳо низ ҳамроҳашон дар Таиланд буд, вале дар ҳавопаймои хурд барояш ҷой нашуд ва ӯро савор накарданд.
Телеграм-канали “База” хабар дод, ки мусофирони ҳавопаймо оилаи соҳибкорони шинохта аз шаҳри Волгодонски вилояти Ростов будаанд. Анатолий Евсюков дар Волгодонск молики чандин бозору фурӯшгоҳ, аз ҷумла фурӯшгоҳҳои «Машенка», «Атлант» ва «Авангард» ва боз як силсила биноҳои тиҷоратии дигар буд.
Ба иттилои ин канал, хонаводаи Евсюковҳо ҳамроҳи писарашон Виталий рӯзи 15 декабр барои истироҳат ба Таиланд рафта буд. Дар онҷо аҳволи Анна Евсюкова бад шудааст ва ӯро рӯзи 17 деабр дар бемористони Паттайя бистарӣ кардаанд. Табибони маҳаллӣ гуфтаанд, ки ӯро инфексияе аз пой афкандааст. Анна Евсюковаро ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ (ИВЛ) пайваст кардаанд. Баъди як моҳ шавҳараш барои ба Русия интиқол додани ӯ ҳавопаймои махсус киро кардааст. Аммо дар ҳавопаймо ба писари онҳо ҷой нашудааст ва Виталий маҷбур шудаааст, ки бо парвози маъмулӣ ба Русия баргардад.
“Омоҷ Нюс” аксеро аз маҳалли суқути ҳавопаймо нашр кард. Баъдан дар Интернет видеои кӯтоҳе низ нашр шуд, ки гуфта мешавад, он ҳам аз маҳалли суқути ин ҳавопаймои русист. Дар видео дида мешавад, ки ҳавопаймо дар як минтақаи барфпӯши кӯҳистон ба замин афтодааст.