2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 3 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА ЗАХМӢ ШУДАНИ 6 ТАНИ ДИГАР ДАР САДАМА ДАР РОҲ БА МАРЗИ РУСИЯ БО ҚАЗОҚИСТОН

Шоми 20 январи соли 2024 дар як садамаи пурқурбонӣ дар вилояти Саратов 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 6 тоҷики дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ, аз ҷумла РИА Новости бо такя ба мақомоти вилояти Саратов хабар доданд.
Қаблан ҳукумати вилоят хабар дод, ки шоми шанбе, 20 январ, соати 19.33 ба вақти маҳаллӣ (18.33 ба вақти Маскав ва 20:33 ба вақти Тоҷикистон) дар наздикии деҳаи Мунинои ноҳияи Фёдоров як мошини фура бо минивэн, яъне микроавтобуси тамғаи Hyundai ва мошини боркаши тамғаи “Газел” бархӯрдааст. Аввал дар бораи ҳалокати ду нафар хабар расид, вале баъдан ГИБДД, пулиси роҳи вилояти Саратов хабар дод, ки ронанда ва ду мусофири минивэн ба ҳалокат расида, 6 мусофири дигари ин мошин ҷароҳат бардоштаанд. Дар бораи осеб дидани ронандагон ё мусофирони фура ва “Газел” хабаре нашр нашудаст.
Додситонии вилояти Саратов бидуни зикри номи кишвар гуфт, дар натиҷаи садама дар шоҳроҳи федералии А-298, ки аз шаҳри Энгелс то марзи Қазоқистон тӯл мекашад, “шаҳрвандони як кишвари хориҷӣ осеб дидаанд “. Ҳамсуҳбати РИА Новости гуфтааст, ки “ронанда ва ҳамаи мусофирони минивэн шаҳрвандони Тоҷикистон буданд”.
Муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, маҷбуранд ҳар сари чанд вақт марзи ин кишварро убур карда, дубора баргарданд, то ки будубош ва фаъолияти кории худро дар Русия дигарбора аз сари хат аз сифр оғоз кунанд. Муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин мақсад аксар вақт аз марзи Русия бо Қазоқистон истифода мебаранд. Мутаассифона, аз роҳҳое, ки ба сӯи ин марз мебаранд, ба хусус дар фасли сармо хабарҳои зиёде дар бора ба садамаҳо, аз ҷумла ба садамаҳои марговар дучор шудани мошинҳои муҳоҷирон ба даст мерасанд.
Садамаи охир дар наздикии деҳаи Мунино вақте рух дод, ки то расидан ба гузаргоҳи Озинки, яке аз гузаргоҳҳои аз ҳама пуродам дар марзи Русия бо Қазоқистон ҳамагӣ 155 километри дигар боқӣ монда буд.
Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

