ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

СЕ ТОҶИКИ ҚУРБОНИИ ҚОЧОҚИ ИНСОНРО АЗ АСОРАТУ ҒУЛОМӢ ДАР МЯНМАР (БИРМА) ОЗОД КАРДААНД

Се шаҳрванди ҷавони Тоҷикистонро аз асорат дар Мянмар (Бирма), кишвари бастае дар Осиёи ҷанубу шарқӣ, озод карда, ба Ватан баргардондаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ин се шаҳрванди Ҷумҳурми Тоҷикистон, ки дар Мянмар қурбониёни қочоқи инсонӣ шуда буданд, рӯзи 20-уми январи соли 2024 дар ҳамоҳангӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Малайзия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти Шоҳигарии Таиланд, сафорати Мянмар дар Малайзия, ҳамчунин, Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) ва Миссияи байналмилалии адлия (IJM),  ба Ватан баргардонида шуданд.

Исми ин се нафарро нашр накардаанд. Дар бораи кай ва чӣ гуна  ба доми шабакаҳои қочоқи инсон афтодану ба Мянмар рафтани ин се ҷавони тоҷик вазорат ягон маълумот ё тафсилот надодааст ва танҳо гуфтааст, ки “мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои реабилитатсионӣ-психологиро бо шаҳрвандони мазкур мегузаронанд ва чораҳои зарурии профилактикиро барои пешгирии чунин ҳолатҳо дар оянда ба амал мерасонанд”.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба мақомоти кишварҳои Таиланд ва Мянмар, инчунин ба Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Миссияи байналмилалии адлия барои кумаки расонидашуда барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ҷиҳати баргардонидани онҳо ба Ватан изҳори сипос кардааст.

Мянмар, ки то соли 1989 Бирма ном дошт, кишварест бо беш аз 50 миллион аҳолӣ дар Осиёи ҷануби шарқӣ. Мянмар дар қисмати ғарбии нимҷазираи Ҳиндухитой ҷойгир шуда, бо Ҳиндустону Бангладеш, Чину Лаос ва Таиланд ҳаммарз аст.

Соли 2021 ҳукуматро дар ин кишвар дигарбора хунтаи ҳарбӣ ғасб кард. Режимҳои ҳоким дар Мянмар бо саркӯбгариҳои худ, ба хусус нисбат ба ақалиятҳои қавмӣ ва динӣ, ном баровардаанд. Аз ҷумла  чанд сол пеш режими Мянмар барои қатли омми қабилаи мусулмони роҳинҷа ба боди шадиди интиқодҳо рӯбарӯ шуда буд.

Ба далели баста будани кишвар ва иқтисоди заифаш, Мянмар ҳеҷ гоҳ масири ҷаззобе барои муҳоҷирати корӣ ба шумор намерафт ва ин бори аввал аст, ки дар бораи ба Мянмар рафтану дар онҷо дар доми шабакаҳои қоҷоқбар дармондани шаҳрвандони тоҷик хабар нашр мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button