ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК АЗ ҚАТЪНОМАИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО ИСТИҚБОЛ КАРД ВА ГУФТ, ДАҲҲО МАҲБУСИ СИЁСИИ ДИГАРРО ФАРОМӮШ НАКУНАНД

Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар худи Тоҷикистон феълан мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик, ки дар Аврупо амал мекунад, рӯзи 20 январи соли 2024 дар як баёния аз қатъномаи парлумони Аврупо дар бораи Тоҷикистон истиқбол  ва барои чунин мавқеъгирии усулӣ ба ин ниҳод изҳори сипос кардааст.

Паймони миллӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар авлавият қарор додани арзишҳои бунёдӣ мисли ҳуқуқи инсон, озодии баён, фаъолияти озоду мустақили васоити ахбори омма, фаъолияти созмонҳои маданӣ ва адвокатураро “ҷои таҳсин” номид ва бо дастгирии комил аз талаби Иттиҳоди Аврупо ба раҳоии вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Манучеҳр Холиқназаров, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммазода, Улфатхоним Мамадшоева, Хушрӯз Ҷумъаев ва Хуршед Фозилов гуфт, ҷомиаи байналмилалӣ дигар маҳбусони сиёсии тоҷик, аз ҷумла даҳҳо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ, бо шумули 13 тан аз роҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ, раиси собиқи Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва соҳибкори хушноми тоҷик Зайд Саидовро ҳам набояд аз ёд бубарад.

Дар қатъномаи парлумони Аврупо, ки рӯзи 18 январ қабул шуд, ҳукумати Тоҷикистон барои саркӯби расонаҳои мустақилу хабарнигорон, мунтақидони давлат ва вакилони мудофеъ ба боди шадиди интиқод кашида шуда, бас кардани таъқибот, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва озод кардани фаъолону вакилон ва журналистони зиндонишуда ҳамчун шарти ба барномаҳои пуримтиёзи Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ба барномаи Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) пазируфтани Тоҷикистон матраҳ гардид.

Тоҷикистон дар поёни моҳи ноябри соли 2023 барои пайвастан ба GSP+ дархост дода буд. Ин барнома ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки молу маҳсулоташро бидуни боҷ ба Аврупо бифурӯшад. Тоҷикистон ба Аврупо асосан пахта ва алюминий содир мекунад ва танҳо аз ҳисоби боҷу хироҷи ҳамин ду маҳсулот дар сурати пайвастан ба GSP+ метавонад ҳар сол тақрибан то 100 миллион евро фоида бигирад.

Паймони миллӣ бо таъкид ба ин ки, парлумони Аврупо “набояд аз садҳо тан дигар маҳбусони сиёсӣ, ки ин шабу рӯзҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон зери фишору шиканҷаҳои ҷисмонию равонӣ қарор доранд, сарфи назар кунад”, дар баёнияаш навиштааст: “Даҳҳо тан аз мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аз ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва фаъолони шаҳрвандӣ барои фаъолияти сиёсии худ ба солҳои тулонӣ дар паси панҷара қарор доранд. Дар қатъномаҳои қаблии парлумони Иттиҳодияи Аврупо оид ба Тоҷикистон қазияи маҳбусони сиёсӣ аз ҳизбу ҳаракатҳо ҷой дошт ва ишораи такрорӣ кумаки маънавии бузурге ба онҳо мешуд.  Бояд зикр кард, ки Гурӯҳи кории СММ озодии бечунучарои 13 тан аз аъзои ҲНИТ инчунин роҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва роҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидовро аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буд, аммо мутаасифона ҷониби Тоҷикистон ин ҳамаро нодида гирифт. Аз ин лиҳоз ПМТ истифодаи механизми таъсир ба ҳукумати Тоҷикистонро зарур ва саривақтӣ мешуморад ва барномае мисли GSP+ мисоли он аст”.

Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол ба қатъномаи парлумони Аврупо вокуниш накардааст ва маълум нест, ки то куҷо аз нигаронии ин созмон огоҳ аст ва тавсияҳои парлумони Аврупоро оё эътироф ва муҳимтар аз ҳама, иҷро мекунад ё на?

Созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқи инсон низ дар гузоришҳои худ пайваста аз ҳукумати Тоҷикистон бас кардани таъқиби журналистон, таъмини озодии матбуот ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро талаб мекунанд. Ба бовари онҳо, мавҷи таъқибот дар Тоҷикистон бахусус баъди соли 2015 вусъати беандоза касб кардааст. Аммо Душанбе пайваста ин арзёбиҳоро беасос хонда,  рад мекунад ва пойфишорӣ мекунад, ки ҳуқуқу озодиҳои мардум, аз ҷумла озодии матбуот дар Тоҷикистон риоя мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Шарҳҳое, ки бидуни ному насаб бошанд, нашр намешаванд гуяд:

    Озод кардани маҳбусони сиёсӣ-эътироф ба моддаҳои сиёсӣ аст, ки Тоҷикистон вуҷуди моддаҳои сиёсӣ дар кишварро рад мекунад. Қатъномаи аврупо “авф”-и журналистону фаъолонро талаб мекард, барои Тоҷикистон осонтар буд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button