ВидеоМуҳоҷиронҶомеа

БЛОГЕРИ ТОҶИК САЛМОН РАҶАБЗОДАРО ДАР МАСКАВ БА ҲАБСИ ХОНАГӢ ГИРИФТАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Симонови шаҳри Маскав рӯзи 19 январи соли 2024 бо судури як қарори нав блогери тоҷик Раҷабзода Салмон Ҷумъабойро ба ҳабси хонагӣ гирифт. Салмон Раҷабзода ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва таҳқири духтарони рус дар видеоҳои саҳнасозишудааш айбдор мешавад.

Дар додгоҳи ноҳияи Симонов бидуни ироаи ҷузъиёт гуфтанд, ки “додгоҳ нисбат ба Салмон Раҷабзода чораи пешгирӣ  дар намуди ҳабси хонагирo интихоб кард”.

Додситонии шаҳри Маскав низ дар Телеграм-каналаш бо нашри як акси блогери тоҷик аз толори додгоҳи ноҳияи Симонов тасдиқ кард, ки додгоҳ ин дафъа дархости тафтишотро қонеъ гардонд.

 “Додгоҳ нисбат ба Салмон Раҷабзода чораи пешгирӣ  дар намудаи ҳабси хонагирӣ таъйин кард. Тафтишот таҳти назорати додситонии байниноҳияии Симонов қарор дорад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи кӯтоҳи додситонии пойтахти Русия.

Салмон Раҷабзода рӯзи 7 январи соли 2024 дастгир шуд, вале додгоҳи ноҳияи Симонов рӯзи 9 январ дархости тафтишот барои ҳабси пешакии ӯро рад карда, бо як қарори дар таҷрибаи додгоҳҳои Русия нодир блогери тоҷикро рост аз толори мурофиа озод кард.

Додситонӣ аз қарори озодии Раҷабзода ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурд. Тафтишот ба ҳабси ӯ исрор меварзид ва бар ин буд, ки азбаски блогер дар маҳалли сабти номаш зиндагӣ надорад, бо вуҷуди додани забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли зист, метавонад фирор кунад.

Рӯзи 17 январ додгоҳи шаҳри Маскав дархости додситониро қонеъ гардонда, қарори озодии Салмон Раҷабзодаро бекор кард ва дархости тафтишот барои интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба блогери тоҷикро дигарбора ба ҳамон додгоҳи ноҳияи Симонов фиристода шуд.

Ахиран Салмон Раҷабзода дар мусоҳибаи видеоӣ бо Телеграм-канали SHOT изҳор дошт, ки қурбони “подстава” шудааст ва дар асл,  ӯ ягон бор дар ягон ҷо нагуфтааст, ки “бо Наташа кайф мекардам” ва “ҳамаи духтарони рус аз они мо мешаванд”. Блогери тоҷик гуфт, ба пулис ариза навиштааст, то онҳоеро, ӯро чунин “подстава” карданд, пайдо кунанд. Салмон Раҷабзода мегӯяд, дар он видеои ҷанҷолбарангез садои ӯ нест, касе онро дасткорӣ кардааст.

Салмон Раҷабзода, , ки бо тахаллуси Соломонкейн маъруф аст,  рӯзи 7 январ дастгир шуда буд. Ба зидди ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 282 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бино ба фарзияи тафтишот, Раҷабзода қасдан дар видеоҳои саҳнасозишудааш шаъну шарафи духтарони русро паст мезад ва онҳоро сабукпо ва чунон дастрас ба қалам медод, ки гӯё тайёранд бо ҳар марди ношиноси раҳгузар бӯсобӯсӣ кунанд ё рақамҳои худро бидиҳанд.

Аммо ҳамон рӯзи боздошти Салмон Раҷабзода, яъне 7 январ, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия Бахтовар Ҷумъаев изҳор дошт, ки блогери тоҷикро “бе ягон гуноҳ” дар пайи як маъракаи туҳмату таҳқир дастгир кардаанд.

Салмон Раҷабзода дар Маскав бо иштироки духтарҳои маҳаллӣ вайну пранк сабту нашр мекард. Дар ин видеоҳои аксаран саҳнасозишуда ӯ ба назди духтарони славянитабор омада, аз онҳо бӯса мехост ё рақамашонро мепурсид. Расонаҳои Русия навиштанд, ки шаҳрвандон дар ин видеоҳо кӯшиши сабукпо ва дастрас нишон додани духтарони русро мушоҳида кардаанд.

Вале хашми тамошобинонро ба вижа видеое, ки рӯзи 9 декабри соли 2023 нашр шуд, барангехт. Дар ин видео як марде, ки ба русӣ бо аксент суҳбат мекунад, лоф мезанад, ки чӣ хел “бо Наташа кайф мекардам” ва ҳам иддао мекунад, ки “ба зудӣ ҳама духтарони рус аз они мо мешаванд”.

Абрҳои сиёҳ болои сари блогери тоҷик рӯзи 6 январи соли 2024, вақте ҷамъ шуданд, ки раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро муҳоҷирбадбинонааш ном баровардааст, ин қазияро зери назорати худ гирифт, таҳқиқи видеоҳои таҳқиромез нисбат ба духтарони рус аз ҷониби блогери зодаи Тоҷикистонро тақозо кард.

Ва алакай рӯзи 7 январ  Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки нисбат ба блогери тоҷик парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

 “Бино ба маълумоти тафтишот, зодаи Тоҷикистон рӯзи 9 декабри соли 2023 дар заминаи муносибати хусуматомез нисбат ба намояндагони миллати рус видеоро сабт ва сипас дар Интернет нашр кард, ки дар ин видео аломатҳои паст задани шаъну шарафи инсонии духтарони славян дида мешавад”, – гуфта мешуд дар иттилоия.

То кунун дар бораи дастикам се парвандаи ҷиноятӣ ба зидди блогерони зодаи Тоҷикистон дар Русия хабарҳо нашр шуда буд.

Аз ҷумла як блогери 40-солаи зодаи Тоҷикистон моҳи майи соли 2020, дар айни авҷи пандемияи коронавирус дар шаҳри Балахнаи вилояти Нижний Новгороди Русия бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи ваксинаҳо аз ин беморӣ дастгир ва моҳи июл ба 300 соат корҳои ҷамъиятӣ маҳкум карда шуд. Ин блогер аз муҳоҷирон даъват мекард, ки ба зидди коронавирус ваксина нагиранд, чунки ин ваксинаҳо гӯё барои қатли ом сохта шудаанд.

Ҳамчунин дар даврони пандемияи коронавирус барои як пранк дар метрои Маскав дар бораи ин беморӣ блогери дигари тоҷик Кароматулло Ҷабборов (Кара-Пранк) дастгир ва сипас ба 2 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ӯро баъди озод шуданаш аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Дар тирамоҳи соли 2021  бошад барои дар назди калисои Василийи муқаддас  дар маркази Маскав гирифтани аксҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта блогери зодаи Тоҷикистон Руслан Бобиев (аз рӯи шиносномааш: Талабҷон Муродҷонзода)  ва дӯстдухтари русаш Анастасия Чистова дастгир ва ҳар кадом ба 10 моҳи зиндон маҳкум шуданд. Руслан Бобиев соли 2022 аз маҳбас озод шуд ва мисли Кара-Пранк ӯро ҳам аз Русия депорт карданд.

Кара-Пранк ҳоло ҳам ба фаъолияти блогерӣ машғул аст ва асосан дар бораи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия видео нашр мекунад. Вале Руслан Бобиев дигар хомӯширо ихтиёр кард ва дар маҳзари ом зоҳир нашуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button