ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҲуқуқи инсон

ШАРТИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН: ТАЪҚИБОТРО БАС КУНЕД!

Парлумони Аврупо рӯзи 18 январи соли 2024 қатъномаеро қабул кард, ки дар он аз идомаи таъқиби расонаҳои мустақил ва хабарнигорон, мунтақидони давлат ва вакилони мудофеъ сахт интиқод  шуда,  таъмини озодии матбуот ва риояи ҳуқуқи инсон, қатъи таъқибот ҳамчун  шартҳои асосӣ барои пайвастан ба барномаҳои имтиёздори Иттиҳоди Аврупо баён шудаанд.

 “Фаъолияти озоду мустақили расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ бунёди ҳар як ҷомеаи демократӣ аст; вазъи озодии баён бояд ҳангоми баррасии дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба GSP+ ба эътибор гирифта шавад,” – таъкид шудааст дар қатъномаи парлумони Аврупо.

Охири соли 2023 Тоҷикистон барои шомил шудан ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) дархост пешниҳод карда буд. Қабул ба ин низом имкон медиҳад, ки беш аз 6 ҳазор намуди маҳсулоти Тоҷикистон ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо бидуни боҷ содир карда шавад.

Аммо парлумони Аврупо ба қабули қатънома шартҳояшро барои шомил шудани Тоҷикистон ба ин низом эълон кард. атънома рӯзи 18-уми январ қабул шуд. Дар он аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузорад, фишор ба матбуот ва саркӯбу ба зиндон андохтани хабарнигорон ва фаъолони маданиро бас карда, вакилони мудофеи зиндониро озод кунад.

Аз ҷумла, дар қатънома зикр мегардад, ки хабаргузории “Азия-Плюс” ва кормандони бахши тоҷикии  радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) пайваста таъқибу таҳдид мешаванд ва бо мушкили дарёфти парвонаи кор (аккредитатсия) дучор ҳастанд.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон тибқи аҳдҳои байналмилалӣ хабарнигорони бе муҳокимаи шаффофу одилона паси панҷара андохта озод гарданд. Дар қатънома аз  хабарнигорону блогерони давоми ду соли охир зиндонишудаи тоҷик , аз ҷумла аз Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммазода, Улфатхоним Мамадшоева ном бурдаанд.

Номи ду вакили дифои зиндонӣ – Манучеҳр Холиқназаров ва Бузургмеҳр Ёровро низ дар қатънома таъкид мешавад ва аз хукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки онҳоро ҳам раҳо кунад.

Як рӯз пеш аз қабули қатънома аз ҷониби Парлумони Аврупо, Жозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, низ чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро дар робита ба таъмини ҳуқуқи инсон ва озодии ҷомеаи шаҳрвандӣ “номуносиб” номид.

“Ҳукумати Тоҷикистон далоили амниятӣ, мубориза бо терроризму ифротгароии исломиро сабаби маҳдудиятҳо медонад. Иттиҳоди Аврупо ин нигарониҳои амниятии Тоҷикистонро эътироф мекунад, вале чораҳои андешидаи мақомотро муносиб намедонад”, – гуфт ӯ.

Аз давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо дархост шудааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, мудофеони ҳуқуқи башар ва кормандони расонаҳои мустақили Тоҷикистонро, ки ба ҳимоят эҳтиёҷ доранд, бо додани раводид ва бо кумакҳои молиявӣ пуштибонӣ кунанд.

Тоҷикистон то ҳол ба ин қатъномаи қабулкардаи Парлумони Аврупо вокуниш накардааст ва маълум нест, ки то куҷо аз нигаронии ин созмон огоҳ аст ва тавсияҳои парлумони Аврупоро оё эътироф ва муҳимтар аз ҳама, иҷро мекунад ё на?

Созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқи инсон низ дар гузоришҳои худ пайваста бас кардани таъқиби журналистон, таъмини озодии матбуот ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро талаб мекунанд. Аммо Душанбе пайваста пойфишорӣ мекунад, ки ин натиҷагириҳо асос надоранд ва ҳуқуқу озодиҳои мардум, аз ҷумла озодии матбуот дар кишвар риоя мешавад.

Матлаб асосан бо истифода аз гузориши “Азия Плюс” таҳия шудааст

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button