МУНОСИБАТИ ТАҲҚИРОМЕЗ БО ОВОЗХОНИ ШИНОХТА ФАЙЗАЛӢ ҲАСАНОВ ВА ЖУРНАЛИСТ САЙЁФИ МИЗРОБ ДАР МАРЗИ ӮЗБЕКИСТОН (ВИДЕО)
Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи “СССР” дар як номаи саркушода ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар “СССР” таҳти унвони “Сарҳад ба реформа ниёз дорад!” нашр шуд, аз муносибати таҳқиромези марзбонон ва кормандони боҷхонаи Ӯзбекистон нисбат ба ӯву Ҳунарманди халқии Тоҷикистон овозхони шинохта Файзалӣ Ҳасан ва ҷамъе дигар аз ҳамроҳонашон шикоят кардааст.
Сайёфи Мизроб менависад, ки Мирзиёевро дар Тоҷикистон барои боз кардани марзҳо хеле дӯст медоранду эҳтиром мекунанд ва дар интихоботи соли гузашта аксари мардуми Тоҷикистон аз ӯ мухлисиву ҳавохоҳӣ мекарданд ва дуогӯи ӯ буданд. Ва пеш аз ҳама барои кушодани сарҳадҳо, ки ин амалашро журналисти тоҷик ҳамчун “хайри ҷория” ба қалам додааст, ки умре савоби он ба Мирзиёев ва ҳафт пушташ хоҳад расид.
Сайёфи Мизроб менависад, рӯзи 6 январи соли 2024 ӯ бо ҷамъе аз дӯстону шарикдарсон – Нозим Ҳусейнов, Маҳмудхони Шоҳиён, Нозир Бӯриев ва овозхони Файзалӣ Ҳасанов озими ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон шудаанд, то дар тӯйи яке аз ҳамсабақонашон иштирок кунанд. Бино ба нақли ӯ, сарҳади Тоҷикистонро дар байни 4-5 дақиқа убур карданд, вале чун ба марзбонии Ӯзбекистон расиданд, ба қавли журналист, “ана сар шуде…”
Сайёфи Мизроб менависад: “Мо тахминан соати 15:50 дақиқа вориди хоки поки ҶӮ шудем. Нахуст мошинро ист фармуда, бо моеъе хафолуд, аз мо напурсида, обпошӣ карданд. Сипас, чун дар тамомии кишварҳои пешрафтаву дунявӣ, мошинаро аз рентген гузаронданд. Мошини рентгенӣ истеҳсоли Олмон, фирмаи Мерседес буд. Мо ҳатто хурсанд шудем, ки ҳамсоякишвар чунин технологияи нав дораду ҷои кофтукоби дастиро ин нанотехноложӣ гирифтааст. Вале хурсандии мо то соате давом кард, ки ба Боҷхона ё худ Гумруки давлатӣ расидем! Дар ин маҳдудаи ҳамагӣ 50-60 метра моро он қадар азияти руҳиву равонӣ доданд, ки шояд дар тули 58 соли умр надида будам. Ин соат маро ҳамон мисраъҳои Абдураҳмон Мушфиқӣ ёд омад, ки мегуфт:
Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,
Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор…”
Ӯ меафзояд: “Мошини ман ва на танҳо ман, ки тамомии автоҳои аз сӯи Тоҷикистон омадаро тавре «мӯшикофона» тафтиш мекарданд, ки бовар кунед, дар ягон марзу гумрук, мане, ки наздики 50-60 давлати ҷаҳонро гардидаам, чунин бархӯрдро боре ҳам надида будам!!! Баъди рентгени муосиру замонавӣ сагҳои бӯйгир ба мошини мо даромада, нишастгоҳҳоро хуб ифлосу касиф карданд. Боҷгирон ба ман амр доданд, ки мисли садҳо ронандаи дигар рӯкаши мотор-капотро низ кушояму багажро низ. Кушодам. Сагҳо даромада, хуб даву тоз карданд. Вале табиист, чизе наёфта, баромада рафтанд. Фикр кардам, кор бо ҳамон тамом. Вале куҷо?!
Акнун навбати сарбозони марзбониву гумрукӣ расид. Онҳо тамомии роғҳои мошинро канда, кушода, таку рӯ карда, рӯкаш ё чехолҳоро ба таври бесобиқа бераҳмона медарронданд! Сипас ба «бардачок»-у «яхдон»-и мошин ҳуҷум карданд. Ҳарчанд мегуфтам, истед худам мекушоям, вале онҳо кашмакаш карда онро вайрон карданд. Баъдаҳу оинаҳоро қариб меканданд!!! Бо ин ҳама, гуфтам, бигзор кобанд, корашон аст, дуртар истодам, ки ҳам халал нарасонаму ҳам дилам ба ҳоли мошинам насӯзад…”
Вале коре, ки баъдаҳу карданд, ба ақидаи Сайёфи Мизроб, ба ҷуз ТАҲҚИР дигар маъное надошт! Кормандони боҷхонаи Ӯзбекистон либосу ҳуҷҷатҳои Сайёфи Мизробу ҳамроҳонашро бароварда, кисаву ҷайбҳояшонро кофта, гиребонҳоро палмосида, тугмаҳоро дида, ҳатто ҳуҷҷати журналистии ӯро кушода, визит-кортҳоеро, ки он ҷо буд, палмосида, бӯ кашида, умқан нигоҳ мекарданд.
“Ман ҳайронам, ки дар варақаи «визитная карточка» чиро метавон пинҳон кард? Наркотик, силоҳ, ё бомба???”, суол мегузорад журналисти тоҷик ва меафзояд: “Ин таҳқир бо ҳамин хатм нашуд. Онҳо тори устод Файзалӣ Ҳасанро бароварда, такурӯ карда, таҳқиромез «покажи мастер-класс» гуфта, ба ман дароз карданд. Гуфтам, ин асбоби ман нест. Ин тори нафарест, ки ҳамтову ҳамгун ва дӯсти Шералӣ Ҷӯраеви Шумост ва ба торҳо даст нарасонед, ки ҷӯраш вайрон мешавад. Сарбозе, бо забони нимшикастаи русиву тоҷикиву узбекӣ «ҷӯр вайрон нашавад гуфта, дар дохили тор чӣ пинҳон кардаед?», гуфта, торро ба навохтан даромад. Ин сарбоз бо дастони шахшӯле, ки ҳаргиз асбоберо нагирифта будӣ, тори устод Файзалӣ Ҳасанро бо таҳқири рӯирост «менавохт» ва оташи ғазабаш (надонам аз куҷо ин ғазаб ба шаҳрвандони ҳамсоякишвар!!!) паст нашуда, хост табли торро кафонаду дохилашро назорат барад. Гуфтамаш о, ин табли тор ё худ кӯзаи он, вазне надорад, пас чаро бояд ту ӯро бишкофӣ? Чун дид, сахт гирифтам, торро гузошта, 3-каса ба рӯкаш ё худ «футляри рӯбоб» дарафтоданд ва онро пора кардаву бо чароғ-фонарик назорат карданд. Хулласи калом, чизе наёфтанд ва гуфтанд «хуш келибсиз»…”
Ӯ менависад, ки кофтукови таҳқиромез онҳо ҳудуди 2 соат давом кард ва сипас ба болои ин аз онҳо талаб кардаанд, ки барои шишаҳои сиёҳи мошин боз 15 доллар боҷ супоранд.
Сайёфи Мизроб менависад, вақте аз онҷо баромад, гуфт:
– Умре дорам, дигар ба Ӯзбекистон намеоям!!!
Матни пурраи номаи Сайёфи Мизроб ба Шавкат Мирзиёевро инҷо бихонед:
САРҲАД БА РЕФОРМА НИЁЗ ДОРАД!!!
(Мактуби кушода ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон)
Муҳтарам Шавкат Мирамонович!
Хизмататон арз кунам, ки расо 6 моҳ муқаддам, дар рӯзи 09.07.2023, дар баробари 15 млн соҳибраъйи Ӯзбекистони бародарӣ, ки ба интихоботи навбатии раиси ҷумҳур мерафтанд, беш аз 10 млн тоҷикистонӣ низ ҳавохоҳ ва дуогӯи Шумо буданд. Ба бахти халқи ҶӮ ва иқболи миллати Тоҷик, Шумои гиром, дар ин рӯз, боз ҳам барандаи курсии президентӣ шудед.
Чаро Тоҷикон ба Шумо мухлисӣ доштанд он шабу рӯзҳо? Зеро таври маълум, Шумо баъди даҳсолаҳои басташавии марз ба рӯи бародарону хоҳарон, падару модарон, арӯсону шаҳбачаҳои 2 ҷониб, сарҳадро кушодед ва даҳҳо ҳазор нафарро ба висоли ҳамдигар расондед, ки ин «хайри ҷория» умре бар номаи аъмоли Шумо баста хоҳад буд. Миллати ӯзбеку тоҷик, тавре Шумо мегӯед, «1 халқе, ки бо 2 забон ҳарф мезананд», ин некии Шуморо ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Ва агар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Уфув, бахшандаи бузург (14 бор амнистия карда, ҳатто қотилону террористону душманони давлаташро дар соли 1997 бахшид) ва Сулҳофар дар хотираи таърих сабт шуда бошад, пас Шумо чун восил, нафаре, ки баъди 25 сол хешу таборро ба висоли ҳамдигарӣ расонид, номнавис мегардед! Танҳо нафароне ин хидмати бузурги Шуморо қадр карда метавонанд, ки соате дарди ҳиҷрони хешу табору пайвандон кашида бошанд:
Ҳар кас шароби фурқат рӯзе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад, қатъи умеди ёрон!
Хулласи калом, баъди 6 соли марзкушоӣ, банда низ хостам аз сарзамини қадимаи давлати ҳамҷавор дидан кунам. Ва мушкилоте, ки дар тули 100-150 метри марз дидам, маро маҷбур кард, ки маҳз ба Шумо номаи саркушода нависам. Зеро фикр дорам, идеяи марзкушоӣ маҳз зодаи тахайюули Шумост ва бе дахли бевоситаатон ин проблема ҳаллу фасл намегардад. Бовар кунед, муҳтарам Президент, ҳар он чизе, ки дар поин менависам, рост аст. Зимнан агар кажие дар он рафт, мақомоти қудративу интизомии ҶӮ метавонанд, баррасӣ, матраҳ ва рад созанд. Боз дар ҳоле, ки ин шабу рӯзҳо технология хеле пеш рафтааст ва тамомии равуо зери назорати дурбинҳи аккосӣ ё худ камераҳо қарор доранд. Мо Метавонем!
06.01.2024. Соат ба вақти Душанбе 15:04 дақиқа. Бо ҷамъи дӯстону шарикдарсон – Нозим Ҳусейнов, Маҳмудхони Шоҳиён, Нозир Бӯриев ва Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон, Ҳунарманди мардумии ҶТ, Файзалӣ Ҳасанов тасмим гирифтем, ба ноҳияи Сариосиё рафтаву дар тӯйи 1 ҳамкурсамон ширкат варзем. Ин дар ҳолест, ки барои равуо на виза лозим асту на таку дави бисёр. Бе ягон ишкол ба марз расидем. Хато накунам, сарҳади Тоҷикистонро дар байни 4-5 дақиқа убур кардем. Вале чун ба марзбонии Ӯзбекистон расидем, ана сар шуде…
Мо тахминан соати 15:50 дақиқа вориди хоки поки ҶӮ шудем. Нахуст мошинро истӣ фармуда, бо моеъе хафолуд, аз мо напурсида, обпошӣ карданд. Сипас, чун дар тамомии кишварҳои пешрафтаву дунявӣ, мошинаро аз рентген гузаронданд. Мошини рентгенӣ истеҳсоли Олмон, фирмаи Мерседес буд. Мо ҳатто хурсанд шудем, ки ҳамсоякишвар чунин технологияи нав дораду ҷои кофтукоби дастиро ин нанотехноложӣ гирифтааст. Вале хурсандии мо то соате давом кард, ки ба Боҷхона ё худ Гумруки давлатӣ расидем! Дар ин маҳдудаи ҳамагӣ 50-60 метра моро он қадар азияти руҳиву равонӣ доданд, ки шояд дар тули 58 соли умр надида будам. Ин соат маро ҳамон мисраъҳои Абдураҳмон Мушфиқӣ ёд омад, ки мегуфт:
Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,
Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор…
Мошини ман ва на танҳо ман, ки тамомии автоҳои аз сӯи Тоҷикистон омадаро тавре «мӯшикофона» тафтиш мекарданд, ки бовар кунед, дар ягон марзу гумрук, мане, ки наздики 50-60 давлати ҷаҳонро гардидаам, чунин бархӯрдро боре ҳам надида будам!!!
Баъди рентгени муосиру замонавӣ сагҳои бӯйгир ба мошини мо даромада, нишастгоҳҳоро хуб ифлосу касиф карданд. Боҷгирон ба ман амр доданд, ки мисли садҳо ронандаи дигар рӯкаши мотор-капотро низ кушояму багажро низ. Кушодам. Сагҳо даромада, хуб даву тоз карданд. Вале табиист, чизе наёфта, баромада рафтанд. Фикр кардам, кор бо ҳамон тамом. Вале куҷо?!
Акнун навбати сарбозони марзбониву гумрукӣ расид. Онҳо тамомии роғҳои мошинро канда, кушода, таку рӯ карда, рӯкаш ё чехолҳоро ба таври бесобиқа бераҳмона медарронданд! Сипас ба «бардачок»-у «яхдон»-и мошин ҳуҷум карданд. Ҳарчанд мегуфтам, истед худам мекушоям, вале онҳо кашмакаш карда онро вайрон карданд. Баъдаҳу оинаҳоро қариб меканданд!!! Бо ин ҳама, гуфтам, бигзор кобанд, корашон аст, дуртар истодам, ки ҳам халал нарасонаму ҳам дилам ба ҳоли мошинам насӯзад…
Вале коре, ки бадаҳу карданд, ба ҷуз ТАҲҚИР дигар маъное надошт! Онҳо либосу ҳуҷҷатҳои моро бароварда, кисаву ҷайбҳоро кофта, гиребонҳоро палмосида, тугмаҳоро дида, ҳатто ҳуҷҷати журналистии маро кушода, визит-кортҳоеро, ки он ҷо буд, палмосида, бӯ кашида, умқан нигоҳ мекарданд. Ман ҳайронам, ки дар варақаи «визитная карточка» чиро метавон пинҳон кард? Наркотик, силоҳ, ё бомба???
Ин таҳқир бо ҳамин хатм нашуд. Онҳо тори устод Файзалӣ Ҳасанро бароварда, такурӯ карда, таҳқиромез «покажи мастер-класс» гуфта, ба ман дароз карданд. Гуфтам, ин асбоби ман нест. Ин тори нафарест, ки ҳамтову ҳамгун ва дӯсти Шералӣ Ҷӯраеви Шумост ва ба торҳо даст нарасонед, ки ҷӯраш вайрон мешавад. Сарбозе, бо забони нимшикастаи русиву тоҷикиву узбекӣ «ҷӯр вайрон нашавад гуфта, дар дохили тор чӣ пинҳон кардаед?», гуфта, торро ба навохтан даромад. Ин сарбоз бо дастони шахшӯле, ки ҳаргиз асбоберо нагирифта будӣ, тори устод Файзалӣ Ҳасанро бо таҳқири рӯирост «менавохт» ва оташи ғазабаш (надонам аз куҷо ин ғазаб ба шаҳрвандони ҳамсоякишвар!!!) паст нашуда, хост табли торро кафонаду дохилашро назорат барад. Гуфтамаш о, ин табли тор ё худ кӯзаи он, вазне надорад, пас чаро бояд ту ӯро бишкофӣ? Чун дид, сахт гирифтам, торро гузошта, 3-каса ба рӯкаш ё худ «футляри рӯбоб» дарафтоданд ва онро пора кардаву бо чароғ-фонарик назорат карданд. Хулласи калом, чизе наёфтанд ва гуфтанд «хуш келибсиз»…
Воқеан ҳам дар бораи забондонии марзбонони ҳамсоякишвар. Дар марз бояд нафароне истанд, ки чанд забонро медонанд! Инҳо на тоҷикӣ, на русӣ на англисиро намедонистанд.
Муҳтарам Шавкат Мирамонович!
Акнун тасаввур кунед, ки 1 туристи хориҷаи дур, аз Англия, Фаронса ва ё Амрико ин моҷароро медид, чӣ мегуфт? Ман бовар дорам, онҳо низ ин ҳамаро дидаанд ва хабарро то давлатҳояшон бурдаанд! Ва ин дар ҳоле буд, ки ман низ туристи хориҷӣ будам. Ман ҳам табааи дигар кишварам. Ман гражданини ҶТ мебошам ва ин марзбонону боҷдорон БОЯД ҳуқуқҳои маро иззат гузоранд. Ман намедонам, чаро чунин ситеза мекунанд онҳо? Шояд аз мошине наркотик ёфта бошанд. Аммо ин ба маъние нест, ки тамомии сокинони Тоҷикистон наркобарону қочоқчиянд ва бояд ба онҳо «шмон» ё худ тафтиши таҳқиромезро раво дид. Ҳатто ҷинояткор набояд чунин таҳқир шавад, чӣ расад ба 1 турист.
Муҳтарам Шавкат Мирзиёев!
Ин таҳқиру таҳдид дар ҳоле буд, ки ман ҳатто худро муаррифӣ кардам, чун ҳуҷҷатамро кашида гирифтаву «тафтиш» менамуданд, ки журналисти қаторӣ не, сардабири ҳафтаномаи СССР мебошам. Вале аз санг садо буду аз инҳо на. Зимнан онҳо дар баробари дигар шаҳрвандони мо таҳқиру тафтишеро раво медиданд, ки кофтукоби ман пеши онҳо ҳеҷ будӣ!
Чун кофтукови таҳқиромез ҳудуди 2 соат давом кард, ба ман гуфтанд, ки БОЯД боҷи сияҳшиша супорам!!! Ҳайрон мондам, ки чаро меҳмон бояд боҷе супорад, барои тирезааш ва ба буҷаи дигар кишвар, ки ҳамагӣ барои 1 рӯз меҳмонаш мешавад! Вале онҳо пофишорӣ карданду ман ҳам 200 сомонӣ (гуфтанд 15 доллар супорем), додам ва чек ё худ барқия талаб кардам. Талаб кардаму ана ба бало мондаме… Боҷгир, ки на русиро медонисту на тоҷикиву на англисиро, бозпас мошинамро баргардонд, ки рафта аз сари нав мошинро аккосӣ кунед. Чун гашта омадам, бо даҳони пур аз нос (тамокуро аз ронандаи тоҷике гирифта буд!) гуфт, компутер аз кор мондааст ва маро боз чандин дақиқаи дигар интизор гузошт. Ронандаи носкаш гуфт, бало паси ҳамон 15 доллар, чек напурсида, гузашта равед. Вале ман гуфтам, ҳаргиз намеравам! Ва баъди оне, ки диданд, ман сар намефарорам, «компутерашон ба кор даромад».
06.01.2024. Соат ба вақти Тошканд 17:48 дақиқа. Масофаи 50-60 метраи сарҳади муҷаҳҳаз бо рентгенҳои нанотехноложӣ, сагҳои бӯйгир ва марзбонони хашмолуду боҷгирони носкашро, ки ҳатто 3-4 газетаву 7 китоби муаллифии маро, варақ ба варақ тафтиш карданд, тарк карда, аз ин мавзеъ баромадам ва гуфтам:
– Умре дорам, дигар ба Ӯзбекистон намеоям!!!
Акнун тасаввур кунед, чӣ миқдор туристоне мисли ман чунин иддао карда бошанд?…
07.01.2024. Соат ба вақти Тошканд 09:56 дақиқа. Дар бозгашт моро сюрпризи батар аз дирӯза интизор буд! Рӯзи якшанбе ва истироҳат, ки буд, марзбонон дарҳоро баста буданд. Баъдан маълум шуд, ки боз ҳамон компутерҳо аз кор мондаанд!!! Ва мо дар сарҳади муосири ҳамсоякишвар 3 соат дармондем.
Сипас дарҳо бозу «компутарҳо ба кор даромаданд» ва боз ҳамон «шмон» ё худ тафтиши таҳқиромез. Ба фарқе, ки дигар моро рентген накарданду саг наоварданд. Вале афсарони гумрук ҳамоно бору бутамонро фаровардаву 1-1 тафтиш кардаву рӯкашҳои мошинро кандаву бардачок-ҷузвдону яхдонро кушодаву чанд ҷои рӯкашро канданд. Вале шукр, ки ин бор аз марзбониву боҷхона тезтарак гузаштем. Зеро имрӯз «смена»-и афсарони дирӯза набуд ва таҳқиру таҳдид низ нашудем. Ҳарчанд ҳамоно тори устод Файзалӣ Ҳасанро баровардаву шубҳаомез навохтанд ва даруну берунашро бӯй кашиданд. Шояд бо ин иллат, ки рубоби духонагии ҳунарманди мардумӣ ба мушакандоз-гранатомёт монандӣ дошт?
07.01.2024. Соат ба вақти Душанбе 13:45 дақиқа. Ахиран сарҳади Ӯзбекистонро убур карда, ҳамагӣ дар тули 5-7 дақиқа марзбонӣ, гумрук ва тафтиши Тоҷикистонро гузаштем. На танҳо мо, ки ягон ӯзбекистонӣ низ дар тарафи Тоҷикистон ягон мушкилу проблема надошту роҳат марзро мегузашт.
Муҳтарам Шавкат Мирамонович!
Чаро ин номаро маҳз ба Шумо навиштам? Зеро медонам, Шумои гиром реформатор ҳастед ва ҳама талошатон ба он нигаронда шудааст, ки Ӯзбекистон дар ҷаҳон мусбӣ муаррифӣ гардад. Зимнан, ба фикри сирф фардии ман, танҳо бо дахолати бевоситаи Шумо метавон ин бенизомиро, ки мерос аз ҳамон даврони марзбандиҳои каримовист, танзим кард.
Афсару аскарони марз бояд мардуми фарҳехта, одамшинос, муаддаб ва забондон бошанд. Бовар дорам, дар миёни 35 млну 258 ҳазору 754 ӯзбеки фарҳангпарварда, садҳо ҳазорро метавон ёфт, ки чанд забонро донанду боадаб бошанд ва ҷои ин 20-30 боҷгиру марзбонро гиранд.
Ба умеди сарфарозиҳои фардии Шумо ва пешрафти Ӯзбекистон-кишвари воқеан ҳам барои мо дӯст,
Сайёфи Мизроб
(Достиев Сайфудин Мизробович),
Сардабири СССР