ВидеоИқтисод

МУАРРИФИИ 30 ЭЛЕКТРОБУСИ ҶАДИД ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

Рӯзи 18 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар ҳузури шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ маросими муаррифӣ ва қабули 30 электробуси нав баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ, электробусҳои тамғаи “Акиа НЕРӮ” истеҳсоли корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия “Акиа Авесто Автоматив Индастри” буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.

Электробусҳои “Акиа НЕРӮ” ҳар кадом 12 метр дарозӣ ва 32 ҷойи нишаст дошта, дар умум то 100 мусофирро метавонанд интиқол диҳанд. Ҳамчунин ҳар кадоми ин электробусҳо бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва салқинкунанда, 6 камераи назоратӣ, 2 экрани маълумотдиҳанда , муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Зимни муаррифии электробусҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350кВт соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300км баробар мебошад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисматҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 солро ташкил медиҳанд.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия “Акиа Авесто Автоматив Индастри” соли 2018 таъсис ёфтааст. Мудири он Асрор Мирзоев ахиран беҳтарин соҳибкори пойтахт дар соли 2023 эътироф гардида, Шоҳҷоизаи озмуни беҳтарин соҳибкорони соли Душанберо ба даст овард.

Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ гуфт, дар 6 соли охир парки нақлиётии корхонаҳои коммуналии шаҳр бо 410 автобуси замонавӣ аз ин корхонаи ватанӣ таъмин гардидаанд.

Гуфта мешавад, барои  ҳаррӯза бо барқ таъмин намудани ин 30 электробуси ҷадид дар корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1” нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ барои 30 электробус бунёд кардаанд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон ба афзоиши парки мошинҳое, ки бо барқ ҳаракат мекунанд, таваҷуҳи вижа зоҳир мекунанд. Ба Кодекси андоз тағйироте ворид карда шудааст, ки бар асоси он, воридоти электромобилҳо ба муддати 10 сол аз боҷи гумрукӣ, ҳамчунин аз андоз, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда шудаанд.

Ба шарофати ин, бино ба омори Раёсати нақлиёти рӯизаминии вазорати нақлиёти Тоҷикистон,  танҳо дар нуҳ моҳи соли 2023 ба ҷумҳурӣ 1348 электромобил ворид карда шудааст, ки аз ин шумор  1333 ададаш мошинҳои сабукрав, 4 ададаш электробус ва микроэлектробус, 9 ададаш мошинҳои боркаши барқӣ ва ду адади боқимогнда мошинҳои борбардори барқӣ (электропогрузчик) мебошанд.

Дар Тоҷикистон ба ин манзур “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027” қабул шудаст. Бар асоси он, бояд парки мошинҳои такси, пеш аз ҳама, дар пойтахт, шаҳри Душанбе батадриҷ пурра аз мошинҳои барқӣ иборат шавад.

Моҳи августи соли 2023 дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ ба Хитой, дар Пекин байни ширкати тоҷикии “Авесто Груп” ва ширкати хитоии “Ҷинчуен” ёддошти тафоҳуме ба имзо расид, ки бар асоси он, бояд бо харҷи 125 миллион доллар дар Тоҷикистон як корхонаи истеҳсоли электромобилҳо бо иқтидори солонаи ҷамъу басти то 1500 мошини барқӣ бунёд шавад.

Аммо як мушкили ҷиддии марбут ба истифодаи мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки дар ҳоли ҳозир, электромобилҳо ба ҷуз аз Душанбе ва манотиқи наздики атрофи он дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тақрибан қобили истифода нестанд, зеро зербинои он, аз ҷумла нуқтаҳои пур кардани нирӯи барқ барои чунин васоили нақлиёт дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ қариб вуҷуд надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Осонтарин кор-тайёрахӯрист. Чизи тайёр ташаббус талаб намекунад, балки пул бошад “дар ҷангал-шӯрбо”! Ба молу маҳсулоти воридотӣ ифтихор кардан, решаи ихтироъоту истеҳсолоти дохилиро теша задан аст. Як ташаббуси назаррас ва боиси таҳсин пешкаш кунед!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button