ФАВРӢ! ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КОРМАНДОНИ БДА-РО 30 ФОИЗ КАМ КАРДА, РАҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ҚУДРАТИИ КӮЛОБУ ХАТЛОНРО АЗ КОР ПЕШ КАРД

Рӯзи 19 январи соли 2024 таҳти раҳбарии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Шӯрои амнияти ин кишвар низ ҳаст, ҷаласаи навбатии Шӯрои амният баргузор гардид. Дар ин ҷаласа вазъи таъмини амнияту субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон баррасӣ шудааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки роҳбарони мақомоти мазкури вилоятӣ, минтақавӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд. Ӯ аз сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба саффи мақомот ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарон ба тундӣ интиқод кардааст.
Дар робита ба ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ва риоя нагардидани талаботи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш додааст ки:
— Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Кӯлоб, сардорони шуъбаи милитсияи шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорати корҳои дохилӣ аз вазифа озод карда шаванд.
— Прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо аз вазифаашон озод карда шаванд.
— Сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони якчанд раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз вазифа озод карда шаванд.
— Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ бо супориши Президенти мамлакат аз мақомот озод карда шаванд.
— Сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар низ аз вазифа озод карда шаванд.
Инчунин ба вазири мудофиа ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода шуд, ки командирони қисмҳои низомиеро, ки ба камбудиву қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, аз вазифа озод карда, ҷиҳати бартараф намудани ҳама гуна ҳаракатҳои ғайриоинномавӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, аз натиҷааш ба таври хаттӣ дар муддати 10 рӯз ҳисобот диҳанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи аттестатсия — санҷиши хизматии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, супориш дод, ки воҳидҳои кории ин мақомот 30 фоиз ихтисор карда шавад. Билофосила баъди ҷаласа ӯ фармони 30 фоиз ихтисор кардани шумораи кормандони БДАро имзо кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ супориш додааст, ки дар муддати даҳ рӯз масъалаи ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро аз ҳисоби кормандони болаёқат, кордон, соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос таъмин намоянд.
Дар бораи сабабҳои чунин бархӯрди тунди президент ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб тафсилоти аз ин бештар дода нашудааст.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ихтисори воҳидҳои кории
Бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Воҳидҳои кории Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 дарсад ихтисор карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 январи соли 2024
№690


Вазъят боз хам вазминтар, мешавад :…