ДЕМОКРАТИЯ – АДО? ТАЪҚИБИ ГУСТАРДАИ ЖУРНАЛИСТОН ДАР ҚИРҒИЗИСТОН АЛОМАТИ ЧИСТ?
Мақомоти Қирғизистон, ки дар гузашта “ҷазираи озодӣ” дар Осиёи Миёна ва ягона кишвари нисбатан озод дар ин минтақа шуморида мешуд, дар рӯзҳои охир даст ба боздошти густурдаи рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ задааст.
Аз ҷумла рӯзи 15-уми январи соли 2024 кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба дафтари хабаргузории ғайридавлатии “24.kg” юриш бурда, қароргоҳи ин расонаи мустақилро кофтуков карда, компютерҳо ва дигар техникаҳои кории кормандонашро мусодира ва ҳамчунин роҳбарияти расона, Асел (Асал) Оторбоева, сармуҳаррирон, Антон Лимар ва Моҳинур Ниёзоваро бо худ ба КДАМ барои бозпурсӣ бурданд.
Баъдан “24.kg” хабар дод, ки КДАМ инчунин ҳамаи кормандони дар вақти тафтиш дар макони корӣ бударо номнавис намуда, телефонҳои ҳамроҳи онҳро низ мусодира намуда, онҳоро аз дафтарашон рондаанд ва ба дари дафтар ба муддати номуайян мӯҳр задаанд.
Пойгоҳи хабарии “24.kg” яке аз маъруфтарин ва баобрутарин расона дар Қирғизистон ба шумор рафта, аз соли 2006 инҷониб фаолият мекунад.
Гуфта мешавад тафтиши дафтари 24.kg ва таъқибу бозпурсии кормандони он дар робита ба моддаи 407-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон ( “Таблиғи ҷанг”) сурат гирифтааст. Вале то ба ҳол КДАМ шарҳ надодааст, ки маҳз кадом матлаби ин расонаи мустақил “таблиғи ҷанг” дошт? Аммо бино ба гуфтаи “Kaktus.media” ва дигар расонаҳои Қирғизистон, иттиҳоми “таблиғи ҷанг” марбут ба матлабест, ки аз ҷанги Русияву Украина нақл мекунад.
Вале дар таъқиби рӯзноманигорон дар Қирғизистон КДАМ ягона қувваи саркӯбгар маълум намешавад. Ҳамагӣ пас аз як рӯзи тафтишу боздошти рӯзноманигорони “24.kg” вазорати корҳои дохилии Қирғизистон низ даст ба кор шуда, тарҳҳои “Temirov LIVE” ва “Айт Айт Десе”-ро ҳадаф гирифт. Ба назар мерасад, дар байни ин ду ниҳоди қудратии Қирғизистон “мусобиқа” барои саркӯби матбуоти озод рафта истодааст.
Болот Темиров (Пӯлод Темуров), рӯзноманигори таҳқиқгар, ки аз асосгузорони ин ҳарду тарҳ дониста мешаваду чанде пеш ӯро аз Қирғизистон ронда буданд, рӯзи 16-уми январи соли 2024 хабар дод, ки кормандони пулиси Қирғизистон хонаи ҳудуди 10 рӯзноманигори мустақилро кофтукоб карда, баъзеи онҳоро бо худ ба ВКД бурдаанд.
Ба ҷуз аз тафтишу кофтукоби хонаю коргоҳи рӯзноманигорон, пулиси Қирғизистон манзилҳои дигар аъзои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро низ бозрасӣ кардааст. Аз ҷумла хонаи Азамат Ишинбеков (Эшонбеков), ки ҳамчун сарояндаи сурудҳои танқидӣ ва мунаққиди ҳукумат дар Қирғизистон машҳур аст, аз сӯи мақомоти корҳои дохилӣ тафтиш шудааст.
Дилбар Олимова, роҳбари тарҳи “ПолитКлиника” низ бо нашри як видео аз кофтукоби манзили рӯзноманигори мустақил Тинистан Асипбек хабар дод.
Ҳамин тавр, додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳамаи кормандон, собиқ ва кунунии боздоштшудаи тарҳи “Temirov LIVE”-ро то 13-уми марти соли 2024 ба ҳабс гирифт ва дафтари кори онҳоро низ мӯҳр зад. Тибқи ин ҳукми додгоҳ, аз 11 нафари боздоштшудагон, Айка Бейшекеева, корманди собиқи тарҳи ” Temirov LIVE”, Жоодар Бузумов, роҳбари тарҳҳои “Temirov LIVE ” ва “Айт Айт Десе”, ҳамсари Болот Темиров, Муҳаббат Тоҷибек-қизӣ, Мақсад Тоҷибек-оғлу, ки санаи 16-уми январ аз тарафи кормандони ВКД боздошт шуданд, 2 моҳ дар ҳабс хоҳанд монд.
Бино ба иддаои ВКД Қирғизистон, онҳо дар матлабҳои нашршуда дар каналҳои “Temirov LIVE” ва “Айт Айт Десе” “даъват ба бе назмиҳоии оммавӣ”-ро пай бурдаанд. Дар ин маврид ҳам маълум нест, ки мақомот маҳз дар кадом матлаби онҳо чунин “даъват”-ро пайдо кардаанд. Аммо то ба ҳол ягон нафар аз боздоштшудагон низ ин иттиҳоми ҳукумат алайҳашонро қабул надоранд.
Ба гуфтаи онҳо, хашму таъқиби мақомот баъди он боло гирифт, ки ин ду тарҳ матлаберо дар бораи Уланбек Ниёзбеков, вазири корҳои дохилии Қирғизистон ва Нодира Норматова, вакили парлумон нашр намуданд, ки аз чигуна тасарруф намудани тиҷоратҳо аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ нақл мекунад.
Инчунин таи ин ҳафта боз чанд корманди матбуот, аз ҷумла Сафар Охунбеков (Акунбеков), Сайфиддин Султоналиев, Оқтикел Ғаффоров (Капаров), Ҷумъабек Турдиалиев (Турдалиев) ва Оқил Орзубеков аз тарафи мақомоти қудратии Қирғизистон боздошт шудаанд.
Пас аз мавҷи боздошти рӯзноманигорон дар Қирғизистон чандин созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Civil Right Defenders, Human Rights Watch, International Partnership for Human Rights, Norwegian Helsinki Communitee, People in Need, Helsinki Foundation for Human Rights, International Federation Human Rights, World Organisation Against Torture хостори озодии рӯзноманигорон дар Қирғизистон ва поёни таъқибот алайҳи онҳо шуданд.
Созмони “Рӯзноманигорони бидуни марз” (RSF) таъкид мекунад, ки “тадқиқоти ҳолатҳои коррупсионӣ ҷиноят нест ва ҳукумати Қирғизистон набояд барои тарсондани рӯзноманигорон аз роҳи боздошту тафтиш алайҳи онҳо кор гирад”.
Ҳамчунин кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз ҳукумати Қирғизистон хостааст, то дар кишвар озодии баёнро таъмин карда, даст аз сари рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бардорад.
Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Британия Кабир низ аз ҳукумати Қирғизистон хостаанд, то фишору таъқибро алайҳи рӯзноманигорон қатъ кунад.
Рӯзи 19 январ зиёда аз 40 расонаи мустақили Русия низ бо нашри як баёния аз ҳукумати Қирғизистон озодии кормандони “Temirov LIVE” тақозо карданд.
Дар Қирғизистон, ки дар солҳои охир матбуот хеле қувват гирифта буд, дар давраи президентии Содир Ҷабборов (Жапаров) саркӯби матбуот ба ҳадди ниҳоии худ расид. Ҳукумати ин кишвар бо роҳбарии сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қамчибек Тошиев пайваста ба матбуот фишорҳо меоранд. Таи ин солҳо мақомот дастрасӣ ба чандин сомонаи хабариро масдуд намуда, ҳамчунин барои бастани пойгоҳҳои хабарии пурхонандае, ба мисли пойгоҳи хабарӣ ва таҳлилии “Kloop” ва бахши қирғизии “Радиои Озодӣ” талошт кардаанд.
Ба ин далел, дар соли 2023 Қирғизистон дар раддабандии ҷаҳонии озодии матбуот якбора 50 зинна поён рафт.