КОРПАРТОИИ МУҲОҶИРОН ДАР ВИЛОЯТИ РОСТОВ. ВАЗОРАТ ГУФТ, “МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БА ИҒВОИ ФИТНААНГЕЗОН ДОДА ШУДАНД” (ВИДЕО)

Рӯзи 15 январи соли 2024 55 коргари тоҷику ӯзбеки корхонаи саноатии “ХимПЭК” дар шаҳри Шахтии вилояти Ростов дар ҷануби Русия бо талаби боло бурдани маош ва пардохтани пули рухсатиашон корпартоӣ карданд. Маъмурияти корхона, ба гуфтаи муҳоҷирон, рӯзи 16 январ ба корпартофтагон маоши ниммоҳаашонро дода, ҳамаи онҳоро аз кор пеш кардаанд. Муҳоҷирони норозӣ бо нашри муроҷиатномаҳои видеоӣ аз мақомоти масъули кишварҳои худ тақозо карданд, ки аз ҳаққи онҳо ҳимоят кунанд.
Мақомоти Ӯзбекистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. Вале вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 18 январи соли 2024 дар як матлаби муфассал дар саҳифааш дар Фейсбук дар ин баҳс аз маъмурияти корхонаи “ХимПЭК” пуштибонӣ кард ва гуфт, муҳоҷирон ба “иғвои фитнаангезон” дода шудаанд ва гӯё чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан дар Бритониё кор кардаанд, “миёни кормандони корхона иғво андохта, баъзеҳоро ба доми фиреб, қисми дигари кормандонро маҷбурӣ ва бо роҳи тарс ба корпартоии оммавӣ маҷбур сохтаанд”.
Вазорати меҳнату муҳоҷират мегӯяд, барои таҳқиқи қазия рӯзҳои 16-17 январ як корманди Намояндагии вазорат дар Русия ҳамроҳи роҳбари ҷамъияти тоҷикони Ростов “Ватан” А. Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҷамъият А. Бобоев ва муовини роҳбари ҷамъият Нарзиқулов Ш.Ҳ. ба шаҳри Шахти рафта, бо роҳбари корхонаи “ХимПЭК” Владимир Шахтинский ва муҳоҷирон мулоқот кардаанд.
Маълум гаштаааст, ки дар даҳаи аввали моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 50 муҳоҷири тоҷику ӯзбек, ки дар “ХимПЭК” кор мекарданд, аз роҳбарияти корхона зиёд намудани музди меҳнатро талаб намуда, маслиҳати корпартоии оммавӣ кардаанд.
Аммо вазорат дар идомаи иттилоияш аз мавқеи корфармо пуштибонӣ карда, худи муҳоҷиронро гунаҳкор мекунад: “Зимни мулоқот гурӯҳи корӣ аз шарту шароити зисту фаъолият шинос гардида, маълум кардаанд, ки корфармо тамоми уҳдадориҳои худро дар доираи шартномаи меҳнатии бо кормандон имзошуда иҷро карда, ба ягон ҳуқуқвайронкунӣ роҳ надодааст. Барои кормандон ҷойҳои кории мураттаб ва хобгоҳҳои озодаву таҷҳизонидашуда муҳайё намудааст. Аммо таи рӯзҳои охир аз ҷониби якчанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан дар Британияи Кабир ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, миёни кормандони корхона иғво андохта шуда, баъзеҳоро ба доми фиреб, қисми дигари кормандонро маҷбурӣ ва бо роҳи тарс ба корпартоии оммавӣ маҷбур сохтаанд. Ба иттилои бархе аз шаҳрвандонамон, ки шоҳиди ҳодисаи мазкур буданд, фитнаангезон ҳамарӯза дар байни кормандон оид ба муқоисаи вазъи кории Россия назар ба Британияи Кабир, паст будани маош ва шарту шароити корӣ ва тариқи корпартоӣ талаб намудани зиёдкунии музди маош, пардохт гардидани рухсатиҳо ва беҳтар намудани шароити корӣ даъват менамуданд”.
Дар натиҷа рӯзи 15 январ 55 муҳоҷири тоҷику ӯзбек ба эътироз баромада, талабгори баланд намудани музди маош ва пардохти рухсатпулӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон, соли 2023 музди маоши кормандони ин корхонаро ҳудуди 15% боло бурда буданд ва маоши онҳо 80-85 ҳазор рубл, ё тақрибан 955 долларро ташкил медиҳад.
Вазорат тасдиқ кард, ки худи ҳамон рӯз корфармо шартҳои гузошташудаи корпартофтагон, ё ба таъбири вазорат, “иғвоангезон”-ро қабул накарда, ба шахсони норозӣ маоши ниммоҳаи моҳи январи соли 2024-ро пардохт карда, онҳоро аз кор озод кардааст. Бино ба иттилои вазорат, “пас аз озод гардидан 35 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе ҷойи кор, зист, хӯрок ва макони номнавишти муҳоҷиратӣ монданд, аз амали кардаи худ пушаймон гардида, бо ваъдаи дубора такрор накардани чунин амал, 25 нафар ба кор қабул карда шуданд.”
Вазорат аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ин қазия дар сомонаҳои иҷтимоӣя баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст ва “ба корфармоён ҷиҳати андешакунӣ пеш аз ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон таклиф ба амал меоранд”. Вале ин ниҳод нагуфтааст, ки бо боло бурдани маоши худро талаб карданашон коргарони тоҷик ба чӣ қонуншикание роҳ додаанд, ки ҳамаашонро аз кор пеш кардаанд?
Вазорат дар пайи пуштибонӣ аз мавқеи роҳбарони “ХимПЭК” дар ин қазия боз ҳам ҳамаро итминони хотир додааст, ки “кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри бартараф намудани камбудӣ ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз имкониятҳои ҷойдошта истифода намуда, саривақт ба онҳо кумак расонад.”
Корхонаи “ХимПЭК” ба истеҳсоли зарфҳо, борхалтаҳо, ашёи хоми кимиёвӣ, металлургӣ, шиша, сафол, сохтмон ва маҳсулоти дигар машғул буда, яке аз корхонаҳои бузурги саноати кимиёвии Русия ба шумор меравад. Дар корхонаҳои “ХимПЭК” дар шаҳри Дедовски вилояти Маскав ва шаҳри Шахтии вилояти Ростов беш аз 2 ҳазор нафар кор мекунанд.

