ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШЁР БОШЕД! ЯК ҚАЛЛОБ БО ВАЪДАИ ИҶОРА ДОДАНИ ХОНАҲОИ НАБУДА 40 ҲАЗОР СОМОНИИ ШАҲРВАНДОНРО АЗ ХУД КАРДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 18 январи сол 2024 аз ошкор шудани як ҳолати ғайриоддии қаллобӣ аз ҷониби як ҷавони сокини шаҳри Истаравшан бо ваъдаи ба корафтодагон ба иҷора додани хонаҳои набуда дар пойтахт хабар дод ва аз шаҳрвандон хост, ки ҳангоми гирифтани хона ҳушёр бошанд, то ба доми чунин қаллобон наафтанд.

Бино ба гузориши нашршуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки як ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар 3 марҳила тавассути сомонаи таблиғотии «Somon tj» дидаю дониста, эълони бардурӯғ дар бораи супоридани хонаҳои иҷоравӣ дар ҳудуди шаҳри Душанберо нашр кардааст.

“Инчунин, гумонбаршаванда бо ин роҳ ба боварии эҳтиёҷмандон ба хонаи иҷоравӣ: ҷавонзани 24, ҷавони 24, марди 28 ва зани 43-солаи сокинони шаҳрҳои Турсунзода, Истаравшан, Душанбе, ноҳияи Сангвор ва дигарон даромада, ҷамъ ба маблағи 40 ҳазор сомонии онҳоро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, – гуфта мешавад дар гузориш.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси моддаҳои 247, қисми 2 ва 276, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ва дидаю дониста нашр кардани рекламаи бардурӯғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ барои қаллобӣ  ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва барои рекламаи бардурӯғ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 547 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат таҳдид мекунад. Ёдовар мешавем, ки як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли гузашта 68 сомонӣ буд ва имсол 72 сомониро ташкил медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button