
Рӯзи 15 январи соли 2024, тақрибан соати 14:00 ба вақти Маскав байни донишҷӯёни РАНХиГС (Академияи хоҷагии халқ ва хидмати давлатии вобаста ба президенти Русия, ё Академияи президентӣ) занозании гуруҳӣ рух додааст. Дар пайи ин занозанӣ 11 нафарро дастгир кардаанд ва ду донишҷӯи 16-солаи соли якуми Академияи президентӣ аз Тоҷикистон Ибодов ва Ҳоҷиевро бо захмҳои корд бистарӣ кардаанд.10 нафар аз дастгиршудагон ноболиғ будаанд. Пулис як донишҷӯи 18-солаи соли сеюми Академияро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Худи Академияи президентии Русия дар хиёбони Вернадский дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав ҷойгир шудааст, вале занозанӣ байни донишҷӯёнаш, бино ба иттилои Телеграм-канали ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия наздики “База”, дар хобгоҳи №2 дар хиёбони Волгоград дар минтақаи Текстилшики дар ҷанубушарқи пойтахти Русия рух додааст.
“База” тафсилоти муноқишаи хунини байни донишҷӯёнро чунин ба қалам додааст: “Ба гуфтаи яке аз иштирокчиёни занозанӣ, донишҷӯён дар назди ошхонаи KFC истода буданд. Дар ҳамин вақт ба назди онҳо як нафари ношинос омада, бо шакли таҳқиромез талаб кард, ки ба ӯ сигор бидиҳанд. Чунин бархӯрди тунд ба бачаҳо нафорид ва онҳо низ ҷавоби тундаш доданд. Дар натиҷа, байни ду гуруҳ занозанӣ ба амал омад. Қариб ҳамаи иштирокчиёни латукӯб донишҷӯёни РАНХиГС буданд. Ба ду донишҷӯ кумаки табибон лозим шуд — Ибодов ва Хоҷиевро бо захмҳои корд дар бемористон хобонданд”.
“База” ҳамчунин хабар дод, ки пулис дар пайи ин занозанӣ 11 нафарро дастгир кард, ки аз ин шумор танҳо якеаш болиғ ва бақия ноболиғ будаанд. Нисбат ба онҳо бар асоси қисми аввали моддаи 20.1 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ бо истифода аз силоҳи сардӣ парвандаи ҷиноятӣ низ кушода, ба иттилои “База”, як нафарро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.
Бино ба иттилои боз як расонаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, Телеграм-канали SHOT, ду донишҷӯе, ки корд хӯрданд, ҳарду 16 сол дошта, дар соли якум таҳсил мекарданд. Ин канал хабар дод, ки онҳо аз сари сина, тахтапушт ва шикамашон корд хӯрдаанд.
Бар асоси маълумоти манобеи SHOT, рӯзи 15 январ, тақрибан соати 14:00 ба вақти Маскав, “гуруҳи донишҷӯён, бо шумули донишҷӯёни ноболиғи соли якум, дар минтақаи Текстилшики ҳисобукитоб (“разборка”) барпо кардаанд. Дар ҷараёни муноқиша як донишҷӯи соли сеюм аз ҷайбаш корд бароварда, ду насраси 16-сола аз Тоҷикистонро корд зад. Ҷабрдидаҳоро дар бемористон бистарӣ кардаанд: якеро — бо захмҳои корд дар ноҳияи шикам ва сари сина, дуюмиро — бо захмҳои корд аз қисмати тахтапушт ва дасташ”.
SHOT низ аз боздошти 11 иштирокчиии занозанӣ, бо шумули 10 ноболиғ хабар дод. Нисбат ба 10 нафар бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб додаанд, вале дар робита ба ин занозанӣ бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ ҳам кушода, як нафарро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Бино ба иттилои SHOT, ин ҳамон донишҷӯи соли сеюм аст, ки ду наврасро корд зад. Дар бораи кӣ будани ӯ маълумоте дода нашудааст.
Дар пулис гуфтаанд, ки сабабу ангезаҳои ҳодиса дар ҷараёни тафтиш дақиқ карда хоҳад шуд.
Занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирон боиси нигаронии мақомоти Русия шудааст ва моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.
Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол (!!!) аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.
Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.
