Дар фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбурги Русия аз бағочи як мусофири парвози Хуҷанд — Екатеринбург 60 кило либосу ороишот (бижутерия) ёфтаанд. Хадамоти матбуоти боҷхонаи минтақаи Урал гуфт, ки шаҳрванди Тоҷикистон мехост ин қадар либосу ороишоти брендҳои маъруф, вале зоҳиран қалбакиро бидуни эъломияи гумрукӣ ба Русия ворид кунад.
Бино ба иттилоияи нашршуда, аз бағочи шаҳрванди Тоҷикистон либосу рӯймол, хилъат ва дигар пӯшокиҳои брендҳои маъруфи Fendi, Chanel ва Louis Vuitton, ҳамчунин ангуштарину дастпонаҳо, чароғҳо ва дигар маҳсулоти чарчинворӣ ёфт шудааст. Баъди боздошташ ин мусофир гуфтааст, ки ин молҳоро дар бозори шаҳри Хуҷанд харида, мехост, дар бозори Екатеринбург ба савдо зада, ягон сӯм даромад ба даст биорад. Ӯ эътироф кард, ки намедонист, ки чунин миқдори маҳсулот моли тиҷоратӣ ба шумор меравад ва бояд дар боҷхона барояш эъломияи гумрукӣ пур мекард.
Аммо кормандони боҷхонаи Колтсово ин тавҷеҳи ӯро напазируфтанд. Сардори боҷхонаи “Фурудгоҳи Колтсово” Сергей Боровик гуфт, қоидаҳои аз марз гузарондани маҳсулот ҳам дар сомонаи Хадамоти федералии гумруки Русия ва ҳам дар девори маълумот дар минтақаи назорати гумрукӣ дар фурудгоҳ низ нашр шудаст.
“Бар илова, дар терминали байналмилалии фурудгоҳи Колтсово ба тариқи садоӣ ва видеоӣ маълумот дар бораи қоидаву тартиби аз марзи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё гузарондани молҳо баён карда мешавад. Ҳамчунин ҳамеша як нозири боҷхона навбатдор аст ва омода аст, ки ба мусофирон машварат диҳад ва барои пур кардани эъломияи гумрукӣ кумак расонад”, — таъкид кардааст Сергей Боровик.
Тамоми 60 кило бори ин мусофирро гирифта, ба ташхис супурдаанд. Ин ташхис дар баробари арзиҳи молҳо бояд ин нуктаро ҳам маълум кунад, ки оё ин молҳои гирифташуда асиланд ваё нусхаҳои қалбакии брендҳои маъруф?
Ба шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқ ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи муодили аз ним то ду баробари нархи молҳои аз ӯ гирифташуда таҳдид мекунад. Агар ташхис ҳамчунин қалбакӣ будани молҳоро муайян кунад, барои паҳн кардани маҳсулоти қалбакӣ ё контрафакт ӯро метавонанд алоҳида ҷазо диҳанд.