АМАЛИЁТИ “МАРГ БА САРАМЧОР” – ҲАМЛАИ ҶАВОБИИ ПОКИСТОН БА ДОХИЛИ ХОКИ ЭРОН
Артиш Покистон субҳи 18-уми январи соли 2024, чанд мавзеъро дар хоки Эрон ҳадаф қарор дод. Бино ба гуфтаи Исломобод, тайёраҳои ҷангии ин кишвар субҳи панҷшанбе “як ҳамлаи комилан дақиқ ва комилан ҳамоҳангу ҳадафмандро алайҳи махфигоҳҳои террористҳо дар устони Сиистону Балуҷистони Эрон анҷом додаанд”.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон низ бо интишори як баёния таъйид кардааст, ки артиши ин кишвар бомдоди 18 январ ба хоки Эрон, ки онро “кишвари бародар” хондааст, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст. Ин ниҳод номи рамзии ин амалиётро “Марг бар сарамчор” ба қалам дода, ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар ҷараёни ин амалиёт теъдоде аз “терористҳо” кушта шуданд.
Бояд гуфт, ки лафзи “сарамчор” дар лаҳҷаи балуҷӣ “озод” ,”ҷудоихоҳ” фаҳмида мешавад. Аммо ҳам Покистон ва ҳам Эрон нерӯҳои балуҷи ҷудоихоҳро “террорист” медонанд. Аз ин нерӯҳо гоҳе “Мазор” ва “Мазорон” низ ном мебаранд.
Ҳамзамон Алиризо Марҳаматӣ, муовини амниятии раиси устони Сиистону Балуҷистон ба расонаҳо давлатии Эрон гуфтааст, ки “бар асари ин ҳамлаҳои ҳавоии ҷониби Покистон, ки соати 4:30-и субҳ дар деҳаи бо Покистон ҳаммарзи Сировон 3 зан ва 4 кӯдаки ғайриэронӣ ҷон бохтаанд”. Аммо бархе аз манобеи дигар ба расонаҳо ҳаҷми хисороти молӣ ва ҷонии ҳамлаи Покистонро ба маротиб аз ин адад зиёдтар гуфтаанд.
Аҳмад Ваҳидӣ, вазири кишвар, яъне корҳои дохилии Эрон баъдан гуфт, дар ин ҳамлаи ҳавоии Покистон ба қаламрави Эрон 9 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак кушта шудаанд.
Шабакаи телевизионии амрикоии CNN ба нақл аз мақомҳои амниятии Покистон навиштааст, ки “Покистон 7 нуқтаи мушаххасро дар хоки Эрон ҳадаф қарор додааст”.
Салмон Масъуд, хабарнигори “The New York Times” дар Покистон низ дар саҳифаи худ дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) ба таври муфассал ба нақл аз мақомҳои амниятии Покистон навиштааст, ки “ҳадди ақал 7 урдугоҳи мавриди истифодаи ҷудоиталабони балуҷ дар умқи аз 40 то 50- километрии хоки Эрон мавриди ҳамла қарор гирифтаанд”.
Расонаҳои маҳаллии Покистон навиштаанд, ки “7 ҳадаф дар 3 минтақаи мухталиф: Сировон, Шамсур ва Ҳақобод дар устону Сиистону Балуҷистони Эрон мавриди ҳамла қарор дода шудааст”.
Бояд ёдовар шуд, ки ин амалиёти Покистон ба хоки Эрон ду рӯз пас аз ҳамлаҳои мушакии Эрон ба дохили Покистон сурат гирифт. Он замон ҷониби Эрон гуфта буд, ки дар хоки Покистон “террористҳои эронӣ”-ро мавриди ҳамла қарор додааст. Ҷумҳурии исломӣ иддао намуд, ки ин ҳамлаҳо алайҳи пойгоҳҳои “Ҷайш-ул-адл” дар Покистон иҷро шуд ва чандин тан аз фармондеҳони ин ин гурӯҳ, ки дар Эрон ва Покистон гурӯҳи терористӣ дониста мешавад, нобуд карда шуд. Вале мақомҳои Покистон ин иддаои Эронро рад карда, ҳамлаи Эронро “ҳамла ба болои мардуми мулкӣ” номиданд.
Ҳамлаҳои мушакии Эрон ба дохили Покистон посухи тунд ва эътирози шадиди мақомҳои сиёсӣ ва амниятии Покистонро ба бор овард. Аз ҷумла Исломобод сафири худро аз Эрон фаро хонд ва ба сафири Эрон дар Покистон, ки замони ҳамла дар Эрон буд, иҷозаи ворид шудан ба хоки Покистонро надод. Илова бар, ин ҳамаи вохӯриҳои дуҷонибаи мақомҳои гуногуни кишвараш бо тарафи эрониро лағв намуд. Вазорати хориҷаи Покистон эълон намуда буд, ки Исломобод “ҳаққи посух ба ҳамалоти Эронро пеши худ нигоҳ медорад”.
Бино ба иттилои Покистон, зимни ин ҳамлаҳои мушакии Эрон ба хоки Покистон 2 кӯдак кушта ва чанд шаҳрванди Покистон захмӣ шудаанд.
Эрон шаби 15-ум ба 16-уми январи соли 2024 бо чандин мушаки баллистикӣ ҳадафҳоеро дар дохили хоки Ироқ ва Сурия низ ҳамла кард. Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ гуфт, ки қароргоҳи ҷосусҳои ниҳоди истихборотии Исроил МОССАД дар шаҳри Арбил(Ирбил), дар иқлими Курдистони Ироқ ва ҳамчунин як пойгоҳи ба ном “Давлати исломӣ” (ДОИШ)-ро дар минтақаи Идлиби Сурия ҳадаф қарор додааст.
Хабаргузории эронии ба Сипоҳи посдорон наздики “Тасним” навишт, ки ҳар ду ҳамла ҷавоб ба амалҳои террористии “режими саҳюнистӣ” ва гурӯҳи терористии ДОИШ аст. Дар Эрон Исроилро “режими саҳюнистӣ ном мебаранд.