ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ БЛОГЕР ҶАҲОНГИР РАҲИМЗОДА БАРОИ НАШРИ ВИДЕОҲОИ БАДАХЛОҚОНА

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 17 январи соли 2024 дар бораи ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудани як ҷавони 18-сола барои дар саҳифааш дар шабакаи Инстаграм нашр кардани видеоҳои пур аз алфози қабеҳ хабар дод. Гуфта мешавад, ки Ҷаҳонгир Раҳимзода бо вуҷуди ҳушдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба нашри чунин наворҳо идома додааст.

 Милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ низ тартиби муайян ва одоби махсуси худро дорад ва ҳар навор ва суханони ғайриахлоқӣ, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ нашр гардида, боиси ба таври оммавӣ паст задани шаъну шарафи дигарон мегардад, ҷавобгариро дар пай дорад.

Ба гуфтаи милитсияи Душанбе, “гарчанде қаблан аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд Раҳимзода Ҷаҳонгир Ҳамид, санаи таваллудаш 08.11.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, ҷиҳати паҳн накардани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва пасткунандаи шаъну шарафи дигарон огоҳонида шуда бошад ҳам, вале номбурда ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, пайи ҳам даст ба чунин қонуншиканӣ задааст. Номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи худро кушода, пайваста наворҳои дорои алфози қабеҳу таҳқиркунанда ва бадномкунандаи шаъну шарафи инсониро паҳн мекард”.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба Раҳимзода Ҷаҳонгир барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия, тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ ирсол карда шуд. Додгоҳ дар навбати худ нисбат ба Ҷаҳонгир Раҳимзода ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин намуд.

Худи блогери дастгиршуда ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button