ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

СУҚУТИ ЧАРХБОЛИ АРТИШИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР КАНОРИ БИШКЕК ЯК КУШТА ВА 8 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ

Рӯзи 17 январи соли 2024 дар натиҷаи суқути як чархболи ҳарбӣ дар канори Бишкек як низомӣ ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати дифои Қирғизистон вазъи яке аз захмиёнро хеле вазнин меномад.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки чархбол дар наздикии деҳаи Достук суқут кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати дифои Қирғизистон, чархболи Ми-8МТВ, ки ба нирӯҳои дифои ҳавоӣ тааллуқ дошт, ҳангоми анҷоми парвози тамринӣ дар ҳудуди қисми ҳарбии 23565-и нирӯҳои дифои ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар суқут кардааст.

 “Дар натиҷаи суқути чархбол, як ходими ҳарбӣ ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чор нафари онҳо дар реаниматсия қарор доранд — як нафар дар ҳолати хеле вазнин қарор дошта, вазъи боқимонда миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати дифои Қирғизистон.

Ҳамаи маҷруҳон дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ” бистарӣ карда шудаанд.

Мақомоти масъули вазорати дифоъ ва нирӯҳои дифои ҳавоии Қирғизистон алакай ба таҳқиқи сабабҳои ин ҳодиса сар кардаанд. Барои анҷоми таҳқиқ як комиссияи махсус ташкил шудааст. Гуфта мешавад, баъди анҷоми таҳқиқот натиҷаҳои он нашр хоҳад шуд.

Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон яке аз артишҳои аз ҳама заиф дар Осиёи Марказӣ донистаа мешаванд. Артиши Қирғизистон дар ихтиёри худ 150 танк, 320 БМП, беш аз 200 БТР ва БРДМ, беш аз 50 ҳавопаймо, аз ҷумла 46 ҳавопаймои тамғаи МИГ-21 ва 12 чархболи тамғаҳои МИГ-8 ва МИГ-24  дорад, ки ин ҳама кӯҳнаву фарсуда ва сохти ҳанӯз замони Шӯравианд.

Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар солҳои охир аз Русия наздики 100 мошини зиреҳпӯши “Тигр” ва ду ҳавопаймои навтари тамғаи Ми-17, ҳамчунин соҳиби  40 зиреҳпӯши тамғаи “Humvee” шуданд. Қирғизистон ҳамин тавр, дар ду соли охир асосан аз Туркия даҳҳо ҳавопаймои бесарнишин харид ва аз ин дронҳо дар ҷараёни муноқишаи ахири мусаллаҳона дар марз бо Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2022 фаъолона истифода бурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button