“СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲО АЗ ХУҶАНД БА ДУБАЙ, ҶИДДА ВА ИСТАНБУЛРО ОҒОЗ МЕКУНАД

Ягона ширкати фаъоли ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” хабар дод, ки ба зудӣ ба анҷоми парвозҳои мустақими байналмилалӣ дар хатсайрҳои Хуҷанд-Дубай-Хуҷанд, Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд ва Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд оғоз мекунад.
Парвозҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд ба Дубай аз санаи 4-уми феврали соли 2024 оғоз ёфта, ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ба нақша гирифта шудаанд. Вақти парвоз аз Хуҷанд 20:10, дар самти баргашт аз Дубай – 00:10 (шаби якшанбе ба душанбе) ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Аз 6-уми феврал парвозҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Хуҷанд 21:15, баргашт аз Ҷидда – 02:30 (шаби чоршанбе).
Парвози нахустин дар масири Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд санаи 7-уми март сурат мегирад. Парвозҳо рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Хуҷанд соати 10:00, баргашт аз Истанбул – соати 15:15 ба вақти маҳаллӣ муқаррар карда шудааст.
Илова бар ин, бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, “Сомон Эйр” аз санаи 22-юми январ парвозҳоро аз Душанбе ба Алмаато ҳафтае се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе иҷро хоҳад кард. Ҳамчунин, аз санаи 24-уми январ “Сомон Эйр” шумораи парвозҳояшро аз Душанбе ба Тошканд то се парвоз дар як ҳафта зиёд менамояд. Ба ин тариқ, парвозҳо ба Тошканд рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.
Кулли парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ мегарданд.
Баъди ба иллати мушкилоти молиявӣ ҳамаи парвозҳояшро қатъ кардани ширкати “Тоҷик Эйр”, “Сомон Эйр” инак 5 сол боз ягона ширкати фаъоли ҳавопаймоии Тоҷикистон ба шумор меравад. “Сомон Эйр” дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ба шаҳрҳои гуношгуни Русия парвозҳо анҷом медиҳад.
Парки “Сомон Эйр” аз чанд ҳавопаймои тамғаҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.

