Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани боз як ҳолати сӯиқасд ба куштори ҳамсар хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 14-уми январи соли 2024, тахминан соати 15:00, марди 32-солаи сокини ноҳияи Ашт дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 31-солаи сокини ҳамонҷо ҷангу ҷанҷол намуда, дар ҷараёни муноқиша бо корд як маротиба ба шикамаш зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби ба сари ҳамсараш корд бардоштани сокини Ашт маълум нест. Худи марди дастгиршуда ё наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.
ВКД танҳо гуфт, ки тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
Ба сокини Ашт бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои расондани осеби вазнин ба саломатӣ то чанд соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати расонаишудаи муноқишаҳои хунини оилавӣ дар Тоҷикистон аст. ВКД Тоҷикистон қаблан аз боздошти марди 35-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ хабар дода буд.
Худи гумонбаршаванда ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи мақомот, субҳи 12-уми январи соли 2024, тахминан соати 08:00, марди сокини ноҳияи Данғара бо сабабҳои рашки оилавӣ ба хонаи ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур рафта, дасту пойҳояшро баста, бо корди ошхонагӣ 34 маротиба ба узвҳои махсусан муҳими баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ин ҳодисаи фоҷиавӣ низ дастрас нест. Маълум нест, ки оё чӣ боиси чунин ғояти рашки шавҳар нисбат ба ҳамсараш шудааст.
Ба сокини Данғара барои одамкушӣ бо бераҳмии махсус бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Вале маъмулан додгоҳҳо дар ҳолати ҳаяҷон қарор доштани афроди муттаҳам ба одамкуширо ба ҳисоб гирифта, ба онҳо чизе дар байни аз 15 то 25 соли зиндон медиҳанд.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд.
Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.