ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ МАРДИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМ ДАР САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 17 январи соли 2024

Ҳалокати марди шахсияташ номаълум дар садамаи нақлиётӣ

33

Шоми 15-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Худойбердиев Асрор Файзиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мансуров Абдуқаюм Абдуваҳобович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Мансуров А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ ва дар ҳамон ҷо ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин шаби 15-уми январи соли 2024, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус ЕС-350», Ниязов Муҳаммадҳусейн Рустамович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши воситаи нақлиёт пиёдагард, марди шахсияташ номаълум, тахминан 40-45-соларо пахш намудаааст, ки номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Кормандони милитсия ду ҳолати дуздиро ошкор карданд

32

Аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаби 2-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 22:20-дақиқа, марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи пинҳонӣ терминали ҶСП “Душанбе Сити бонк”, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанберо шикаста, аз дохилаш 9 ҳазору 30 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазору 443 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Спитамен, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда шаби 11-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 23:50-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи фурӯши телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар ноҳияи Спитамен, ки ба марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, даромада аз онҷо 3 ҳазор сомонӣ ва 5-адад телефонҳои мобилии тамғаҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button