ВидеоИқтисод

АСРОР МИРЗОЕВ, ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН… БОЗ КИҲО СОҲИБКОРОНИ БЕҲТАРИНИ ПОЙТАХТ ШУДАНД?

Мудири кулли ширкати «АКИА Авесто Автоматив Индастри» Асрор Мирзоев соҳиби шоҳҷоизаи озмуни беҳтарин соҳибкори Душанбе дар соли 2023 шудааст. Саҳми ин соҳибкори наздик ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар истеҳсоли электробусҳои аз лиҳози экологӣ бехатар ва кумак дар рушди нақлиёти ҷамъиятии экологӣ таъкид шуд. Асрор Мирзоев ҳамчунин дар номинатсияи “Истеҳсоли маҳсулоти саноати вазнин” ғолиб дониста шуд.

Ширкати «АКИА Авесто Автоматив Индастри» аз ҷониби корхонаи “Авесто Групп” ва ширкати туркии «AKIA» моҳи январи соли 2018 таъсис ёфта, ба ҷамъу басти автобусҳои муосир машғул аст.

Дар номинатсияи “Сохтмон, тармим ва таъмир” ҷоиза ба роҳбари ҶДММ “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов (дар акси аввал) тақдим гардид. Ҳоҷӣ Маҳмудҷон ҳамчунин бо дасти хайри худ ном баровардааст ва ҳар сол ба чандин оилаи ниёзманд хона ва ба ҳазорон оилаи дигар ва ятимону сарбозорон кумакҳои ғизоӣ тақдим мекунад.

Роҳбари ҶСП “Комбинати шири Душанбе” Раҳимҷон Ҳотамзода дар номинатсияи “Саноат” сазовори ҷойи аввал шуда, дар номинатсияи “Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук” роҳбари ҶДММ “Сифати Саноат” Ҳокимшо Идиев ғолиб омадааст.

Дар номинатсияи савдо ҷоизаи ғолиб ба роҳбари ҶДММ “Бозори Корвон” Ҳалима Мавлонова супурда шуда, дар соҳаи меъморӣ ва дизайн роҳбари ҶДММ “Декор инвест” Абдурасул Исломов баранда шуд.

Ғолибон дар категорияҳои дигар:

– Муфарраҳ Муҳаббатов, роҳбари ҶДММ “Рухом” – дар номинатсияи “Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ”;

– Наврӯз Сабзаев, роҳбари ҶДММ “Садои Дӯстӣ” – дар номинатсияи “Хӯроки умум;

– Абӯбакр Муродалиев, роҳбари ҶДММ “Континент Инвест” – дар номинатсияи “Хидмати маишӣ”;

– Қурбоналӣ Зоҳиров, роҳбари КВД “Манзил хидматрасон №5” – дар номинатсияи “Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология”;

– Муборакшо Катахонов, роҳбари ҶДММ “Евро Дез” – дар номинатсияи «Тиббӣ, хизматрасонии тиббӣ, истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

– Фирӯз Бегамов, роҳбари ҶДММ “Меҳмонхонаи Сафо” – дар номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;

– Илҳомиддин Роибпур, роҳбари ҶДММ «Муассисаи таълимии хусусии литсеи Раҳнамо» – дар номинатсияи «Хизматрасонӣ барои таълим»;

– Фарзона Сангинова, роҳбари Ҷамъияти ташкилоти «Илмхона» – дар номинатсияи «Хизматрасонии барои рушди соҳибкорӣ, таълим, маркетинг, аудит, консилинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;

– Саидаҳмад Саломов, роҳбари ҶДММ “Душанбе АТ” – дар номинатсияи «Нашриёт, дизайн ва реклама»;

– Фирдавс Зеваров, роҳбари ҶС “О Мобайл” – дар номинатсияи «Технологияҳои телекомуникатсионӣ ва ахборотӣ».

Озмуни соҳибкори беҳтарини пойтахт чанд сол боз бо қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои онҳо дар бунёдкориву ободонӣ, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандсозии рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар пойтахт, рушди бозори истеъмолии шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ доир карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button