ВидеоҲодисаҶомеа

“СИРКО НӮШИД…” ХУДКУШИИ ЯК ЗАН ДАР НАЗДИ БИНОИ РАЁСАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ (ВИДЕО)

Маҳтоббӣ Маҳмудова, сокини 50-солаи ноҳияи Фархор баъди боздошташ дар наздикии бинои Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб даст ба худкушӣ задааст.

Бино ба иттилои манобеи радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ), ин ҳодиса рӯзи 7-уми январи соли 2024 дар пайи ба зидди ин зан аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор боз шудани парванда бо иттиҳоми қаллобӣ ва дуздӣ рух додааст.

Як манбаи огоҳ аз моҷаро рӯзи 15 январ гуфтааст: “Ин зан сирко (уксус) нӯшидааст. Ба бемористон мебаранд, вале наҷот дода наметавонанд”.

Сабаби худкушии ин зан рӯшан нест, ки оё аз тарси шарманда шудан даст ба ин кор задааст ваё чӣ иттифоқе баъди боздошташ дар шуъбаи милитсияи Фархор рух додааст?

Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор рӯзи 15-уми январ марги Маҳтоббӣ Маҳмудоваро тасдиқ карда, гуфтаанд, нисбат ба ӯ бо ду банди Кодекси ҷиноӣ (дуздӣ ва қаллобӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дошт. Мақомоти Фархор дар ин бора тафсилоти дигар надодаанд.

Аммо як манбаъ дар мақомоти умури дохилии минтақаи Кӯлоб гуфтааст, ин зан ба он муттаҳам мешуд, ки гӯё бо истифода аз акси духтараш бо марде дар Русия робита барқарор намуда, аз ӯ пул гирифтааст.

Ҷавон мефавтад. Хонаводааш аз макони Маҳтоббӣ Муҳмудова огоҳ шуда, хостаанд, ки ӯ пулҳоро баргардонад. Занро гирифта ба Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб мебаранд, вале пеш аз даромадан сирко нӯшидааст,” – нақл кардааст ин манбаъ.

Ҳоло воқеаро додситонии шаҳри Кӯлоб таҳқиқ дорад, аммо маълум нест, ки оё касеро барои худкушии ин зан ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашонд ё на?

Маҳтоббӣ Муҳмудова рӯзҳои охир дар деҳаи Балхобии ноҳияи Муъминобод ва дар хонаи духтараш мезистааст. Маълум нест, ки назари наздиконаҳ ба қазия чист?

Мавридҳои дар назди бинои милиса қасди ҷони худ кардани сокинон дар Тоҷикистон ҳодисаи хеле нодир аст, вале соли 2020 Абдуғаффор Аскаров, сокини ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба гуфтаи пайвандонаш,  “барои ҳалли мушкилоти зиндагӣ ба назди мақомот рафта буд”, дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ сирко нӯшида, худкушӣ кард.

Ҳамин тавр, дар ҳамон соли 2020 Зариф Абдуллоев, ки 62 сол ва нонвойхона дошт, ба сабаби пули нонҳои ба боғчаҳои кӯдакон супурдаи ӯро напардохтани раёсати молияи шаҳри Кӯлоб худро дар назди ин идора оташ зад. Иттифоқан он вақт раиси ин идора Бахтиёр Назарзода буд, ки ҳоло дар курсии шаҳрдори Кӯлоб нишастааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. БОМДОД, РУТА СИЕХ КУНМ, КАТИ РУИ АЮБОВХО!!!

    АЙБА НАМЕДОНИ, РАНГИ БЕВАХОИ КАДИ КУЧА ГАЙБАТ МЕКУНИ!!!

    1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Чӯб агар каҷ бошад, сояш чаро рост бошад?! гуяд:

      Мудирони бахши тоҷикии радиои озодӣ бояд озодона, бидуни ғаразу мараз кадрҳои баландихтисос, журналистони ботаҷриба, кордон, моҳир ва мутахассисро ба саффи радио ҷалб намояд, на ин, ки мисли ҳукумати “ба мо маълум” аз фурсат истифода бурда, монополия ба роҳ монанд ва ҳар касу нокасро зери шиори “на сих бисӯзад на кабоб” соҳиби ҷойи кор кунанду бақияи боқимондаро тобеъи худ кунанд. Илова бар монополия, ҳамчунин нисбати кормандони собиқ сиёҳнамоӣ, хиёнат, коршиканӣ, беэҳтиромӣ, тавтеа ва ғайра раво бинанд.
      Ду чиз инсонро аввал маст баъд паст мекунад: нафси бад ва такаббур.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button