ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

САФИР: “ТУРКИЯ ПАНОҲГОҲИ ОНҲОЕ, КИ БА АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН ХАТАР ДОРАНД, НЕСТ”

Муаллиф: Исматулло Абдуллоев, Asia-Plus

Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон рӯзи 15 январ дар нишасти хабариаш дар Душанбе гуфт, хоки Туркия барои нафароне, ки ба амнияти Тоҷикистон хатар доранд, паноҳгоҳ нест ва ин кишвар чунин шахсонро аз хокаш ихроҷ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин гуна Тоҷикистон ҳам ҳассосиятҳои ҷониби Туркияро ба назар мегирад.

“Дар ҳолатҳои лозима мақомоти марбута, маълумоти лозимиро ба мо ҳам медиҳанд ва мо шаҳрвандро аз кишвар хориҷ мекунем, Тоҷикистон ҳам ин корро мекунад”, – гуфт Умут Аҷар.

Номбурда афзуд, мақомоти амниятии ду кишвар дар масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкориҳои зич доранд ва дар ин масъала байни ду кишвар табодули назар вуҷуд дорад.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки соли равон Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури кишвараш ба Тоҷикистон меояд.

Бояд гуфт, ки Туркия дар солҳои охир масири аслии пайвастани садҳо ҷавони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ буд. Дар гузашта мақомоти тоҷик хабар дода буданд, ки Туркия ҷавонони тоҷики узви ДОИШ-ро боздошт ва ба Тоҷикистон супурдааст, вале то кунун ҳеҷ хабаре аз истирдоди фаъолони сиёсӣ нашр нашудааст.

Аз ҷумла, соли 2019 Туркия 21 гумонбари узвият ба ДОИШ-ро ба Тоҷикистон истирдод карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Тукрия макони бархе аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аз ҷумла, соли 2015 Умаралӣ Қувватов, бунёдгузори “Гурӯҳи 24” (ҳаракате, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) дар Туркия кушта шуд, вале бо ин вуҷуд, даҳҳо тарафдораш, аз ҷумла раҳбари кунунии ин созмон Сӯҳроб Зафар дар ин кишвар монданд. Дар робита ба куштори Қувватов ҳамон вақт Сулааймон Қаюмов ном зодаи ноҳияи Восеи Тоҷикистонро дар Туркия боздошт ва ба ҳабси умрбод маҳкум карда буданд. 

Истирдоди Парвиз Саидраҳмонов, яке аз таблиғгарони гурӯҳи тундрави ДОИШ бо лақаби “Абу Довуд” аз мисолҳоии охири истирдоди тоҷикон аз ин кишвар аст, ки мақомоти Туркия моҳи октябри соли 2022 ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш ба Тоҷикистон доданд. “Абу Довуд” дар Тоҷикистон бо ҷурми одамкушӣ, гаравгонгирӣ, ҷалб ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ташкилу раҳбарии созмони террористӣ ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар навбати худ Тоҷикистон ҳам чанде аз мухолифини ҳукумати имрӯзҳаи Туркияро дар Душанбе боздошт ва ба Туркия супорид. Аз ҷумла, дар чаҳор моҳи соли 2023 ду шаҳрванди Туркия дар Душанбе рабуда ва дар шароити мармуз ба ватанашон фиристода шудаанд.

Корай Вурал, мудири пешини яке аз мактабҳои наздик ба рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен, ба гуфтаи наздиконаш, 16-уми сентябри соли 2023  аз сӯи шахсони ношинос рабуда ва як рӯз баъд ба Туркия бурда шуд. Эмсал Коч, мудири собиқи маркази “Диалог” дар Душанбе, моҳи июли соли 2023дар Душанбе рабуда шуд ва дертар дар яке аз боздоштгоҳҳои Туркия аз худ дарак дод.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button