ОШКОР ШУДАНИ ФОҲИШАХОНА ВА БОЗДОШТИ ЯК ДАЛЛА (“МАМА РОЗА”) ДАР ШАҲРИСТОН
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 16 январи соли 2024
Ошкор шудани ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дар ноҳияи Шаҳристон
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон, ки соли 2014 бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд. 10 сол пеш ин зан барои айни ҷурми даллагӣ ва ташкили фоҳишахона зиндонӣ шуда буд.
Гумонбаршаванда, аз 3-юми январи соли 2023 то 16-уми декабри соли 2023, хонаи истиқоматии марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳияро ба иҷора гирифта, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 34 ва зани 46-солаи сокинони ноҳияи Шаҳристон шароит муҳайё намуда, бар ивазаш 600 сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳалокати пиёдагард бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
14-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Партопов Малик Ёқубович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Мастчоҳ ба самти шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди шаҳраки Сайҳуни ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Хуҷаев Алишер Аҳмадалиевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Хуҷаев А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Содир намудани қаллобӣ бо роҳи фиреб додани зани 64-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар давоми солҳои 2019 то моҳи апрели соли 2020, бо зани 64-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров шиносоӣ пайдо намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои тиҷорат аз номбурда дар чанд марҳила ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани якчанд ҳодисаи дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми декабри соли 2023, тахминан соати 16:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш дар маркази савдои «Тоҷикистон» (собиқ ЦУМ) 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-13 Про», ки арзишаш 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷорниби кормандони милитсия марди 26-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 52-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 6 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷорниби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи сентябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 6 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷорниби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 26 ва ҷавони 23-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.