ВарзишВидеоМуҳоҷирон

НИШОНИ БИРИНҶИИ ШОҲМОТБОЗИ ТОҶИК ОРАШ ШОНАЗАРОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҚАЗОҚИСТОН

Ораш Шоназаров, шатранҷбози тоҷики муқими Қазоқистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони то 18-солаи ин кишвар соҳиби ҷои сеюм ва нишони биринҷӣ гардид.

Дар ин мусобиқаи шатранҷ ё шоҳмот, ки дар шаҳри Туркистон баргузор шуд, 63 шатранҷбози ҷавон аз ҳама шаҳру вилоятҳои Қазоқистон ширкат доштанд ва Ораш бо касби 7 имтиёз дар 9 бозӣ ба саффи ғолибони мусобиқа пайваст. Аз ҷумла Ораш Шоназаров дар даври 8-уми мусобиқа бо муҳраҳои сиёҳ бар пешсафи ягонаи чемпионат  устоди варзиш Сатбек Аҳмадинов пирӯз шуд ва бозии охиринро ҳам бо пирӯзӣ ҷамъбаст кард.

Ин пирӯзӣ роҳи Ораш Шоназаровро барои иштирок дар мусобиқоти бештари шоҳмот дар Қазоқистон иштирок кунад.  Аз ҷумла дар ин шабу рӯз Ораш Шоназаров дар шаҳри Туркистон дар ду мусобиқаи дигар, яке мусобиқаи шатранҷи сареъ ва пасон дар шатранҷи барқосо байни шатранҷбозони то 18-сола ширкат дорад. Умед дорем, ки дар ин мусобиқаҳо низ ин шатранҷбози ҷавону умедбахши тоҷик чун дар мусобиқа дар шатранҷи маъмулӣ ё классикӣ комёб хоҳад шуд.

Ораш Шоназаров фарзанди муҳоҷирони тоҷики муқими Қазоқистон ва набераи журналисти хушноми тоҷик Насибҷон Амонист, ки ӯ низ беш аз 30 сол боз дар Қазоқистон ба сар мебарад. Ораш Шоназарров шогирди Академияи шатранҷи Ҷонсоя (Жансая) Абдумалик буда, дар мусобиқаҳо бо кумаки молии ин академия иштирок мекунад. Ҷонсоя Абдумалик, ки ҳамагӣ 24 сол дорад, бо вуҷуди ҷавониаш аз шоҳмотбозони қавӣ ва алакай соҳибмактаби Қазоқистон дониста мешавад. Ӯ соли 2014, дар синни ҳамагӣ 14 сазовори унвони гроссмейстер дар байни занон ва  соли 2017, дар синни 17 соҳиби унвони устоди дараҷаи байналмилалӣ гардид ва соли 2021, дар синни 21, дар пайи ба даст овардани Шоҳҷоизаи ФИДЕ, Федератсияи байналмилалии шоҳмот, унвони гроссмейстери комилҳуқуқро ба даст овард.

Ораш Шоназаров охири соли гузашта дар ду мусобиқае, ки Академияи Ҷонсоя Абдумалик дар шаҳри Алмаато роҳандозӣ карда буд, бо муваффақият ҳунарнамоӣ кард ва имтиёзи умумии худро ба 2326 расонда, соҳиби унвони устоди варзиши Федеретсиюни ҷаҳонии шатранҷ гардид.

Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи Академияи шоҳмоти Ҷонсоя Абдумалик, Ораш Шоназаров дар ин мактаби шоҳмот дар гуруҳи “A+”машқ мекунад ва ҳанӯз замони дар синфи 9 таҳсил карданаш грант барои таҳсил дар Донишгоҳи техникии Қазоқистону Бритониёро ба даст овардааст. Академия бархе дастовардҳои варзишии ин шогирди тоҷикашро низ баршумурдааст: • нишони биринҷии чемпионати Қазоқистон оид ба шоҳмоти рапид шатранҷбозони то 18-сола (соли 2023);
• медали нуқраи чемпионати Қазоқистон оид ба шоҳмоти блитс байни шатранҷбозони то 16-сола (2022);
• медали нуқраи чемпионати Алмаато оид ба шоҳмоти блитс байни шатранҷбозони то 16-сола (2022);
• медали биринҷии чемпионати Қазоқистон оид ба шоҳмоти блитс байни шатранҷбозони то 16-сола (2021);
• Ҷои аввал дар мусобиқаи “Turan Open” байни ҷавонон(2020);
•Ҷои дуюм дар Ҷоми “Доринн” байни дстаҳо (2020);
• медали биринҷии чемпионати Қазоқистон оид ба шоҳмоти рапид байни шатранҷбозони то 14-сола (2019);
• Ҷои дуюм дар Ҷоми Саидваққосов байни шатранҷбозони то 14-сола (2019);
• Чемпиони Алмаато оид ба рапид байни  шатранҷбозони то 14-сола (2018);
• медали биринҷии чемпионати Қазоқистон оид ба шоҳмоти рапид байни шатранҷбозони то 14-сола (2018).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button