ДУ ПИСАР ВА ДУ ДУХТАР! ТАВАЛЛУДИ ЧОРГОНИК ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Рӯзи 14 январи соли 2024 Миҷгона Асоева, сокини 27-солаи деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон чоргоник ба дунё овардааст. Табибон вазъи саломати кӯдакон ва модари онҳоро вазнини устувор (стабильно-тяжелое) арзёбӣ мекунанд.
Сардухтури беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон рӯзи 16 январ ба “Азия Плюс” хабар дод, ки Миҷгона Асоева, ки қаблан як фарзанд дошт, ин дафъа чоргоник: ду писару ду духтар ба дунё овардааст. Вазни кӯдакон аз 1 килою 600 грамм то 1 килою 700 грамм будааст.
“Аз таваллуди кӯдакон ду рӯз гузашт, онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд. Барои барқарор кардани саломатии онҳо тамоми чораҳои заруриро меандешем”, – гуфт Баҳодурзода.
Ӯ афзуд, ки пас аз ифтитоҳи маркази перинаталӣ дар бемористон шароити ташхис ва муолиҷаи беморон, бахусус тифлони навзод беҳтар шудааст. Ин марказ, ба гуфтаи Баҳодурзода, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар он пизишкони варзида кор мекунанд.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон чоргоник ба дунё меояд. Моҳи июни соли 2022 як сокини 27-солаи ҷамоати марзии Чоркӯҳи Исфара чаҳор духтар таваллуд кард. Онҳо бо роҳи ҷарроҳии қайсарӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадаанд.
Дар арафаи Соли нави 2021 сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова якбора панҷ фарзанд – ду писару се духтар – ба дунё овард. Ҳангоми таваллуд духтурони таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Моҳи январи соли 2023 бошад, дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд бори нахуст дар Тоҷикистон 6 нафар – ду писару 4 духтар таваллуд шуд, вале баъди як рӯз тифлони навзод фавтиданд.
Сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон баланд боқӣ мемонад. Аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор дошта, тибқи омори расмӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,2 фоиз ё тақрибан 200 ҳазор нафар меафзояд. Соли гузашта шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид. Интизор меравад, ки то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон аз 11 миллион нафар гузарад.