СиёсатТоҷикистон

“ДИЛЗАНАК-2024” САР ШУД: ЧАНД ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 январи соли 2024 дар таркиби ҳукуматаш як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард ва аз ҷумла раиси Бонки миллиро бо се муовинаш, раиси “Амонатбонк”, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, президенти Академияи миллии илмиҳо, ректори Донишгоҳи миллӣ ва ёрдамчии аршада дар масоили иҷтимоиро иваз кард.

Аз ҷумла Ҳоким Холиқзода аз мақоми раиси Бонки миллии Тоҷикистон барканор ва ба ҷои ӯ Фирдавс Толибзода, ки то имрӯз муовини аввали раиси Бонки миллӣ буд, таъйин шудааст. Ҳоким Холиқзода бо фармони дигари президент муовини аввали сарвазир таъйин шуд. Ин курсӣ як сол боз, аз замони раиси вилояти Хатлон таъйин шудани Давлаталӣ Саид холӣ буд.

Бо фармонҳои президент, Алиҷон Салимзода, писари раиси собиқи вилояти Хатлон ва вазири собиқи нақлиёт Абдуҷалол Салимов, ва Фирӯз Шарифзода, писари вазири собиқи умури дохила Ҳумдин Шарипов низ аз мақомҳои муовинони раиси Бонки миллӣ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод карда шудаанд. Аммо агар Фирӯз Шарифзода билофосила ба вазифаи баландтари муовини аввали раиси Бонки миллӣ таъйин шуда бошад, Алиҷон Салимзода бо Сироҷиддин Икромӣ, ки то имрӯз раиси “Амонатбонк” буд, ҷой иваз кардаанд: Салимзода раиси “Амонатбонк” таъйин шуд ва Икромӣ дигарбора ба мақоми муовини раиси Бонки миллӣ омад.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 январ Эмомалӣ Насриддинзодаро бо як фармонаш аз мақоми ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда, бо як фармони дигар ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин кард. Қобилҷон Хушвахтзода, ки то кунун ректори Донишгоҳи миллӣ буд, ба ҷои Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардид.  Фарҳод Раҳимӣ бошад бо қарори ҳукумат раиси Кумитаи навтаъсис оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати ҶТ таъин карда шуд. Ба ин тартиб, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз вазорати маориф ва илм ҷудо карда шуд.

Абдулло Раҳмонзода, ки то кунун раҳбарии Кумитаи ҷавонон ва варзишро бар дӯш дошт, ба ҷои Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин гардида, ба ҷои Раҳмонзода Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин Мирзо Хуршед Файзуллозода бо қарори ҳукумат аз мақоми муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ озод карда шуда,  бо фармони президент директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти ҶТ таъин карда шуд.

Ҳамин тавр, бо фармони президент олими шинохтаи мардумшинос (этнограф) Дилшод Раҳимӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъин карда шуд.  Намояндагии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ба тозагӣ таъсис ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 январ ҳамчунин бо судури чанд амр Содиқ Шоназаров, Сайфиддин Сироҷзода ва Сабоҳат Муқимиро “бо сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаҳои сармушовир ва мушовири ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод карда, ба ҷои Шоназаров Саидзода Исфандиёр Искандарро мушовири калон ва ба ҷои Сироҷзода ва Муқимӣ Саидмуродзода Хурсанд Абдуваҳоб ва Холиқзода Ҷонибекро мушовирони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин кард.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№674

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72177720314123074/

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Толибзода Ф.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Толибзода Фирдавс Назримад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№675

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Салимзода А.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№676

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Шарифзода Ф.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Шарифзода Фирӯз Ҳумдин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№677

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
озод намудани Насриддинзода Э.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№678

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Президенти Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон озод намудани Раҳимӣ Фарҳод

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳимӣ Фарҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№679

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№680

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон
таъин намудани Толибзода Ф.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Толибзода Фирдавс Назримад раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№681

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
таъин намудани Шарифзода Ф.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Шарифзода Фирӯз Ҳумдин муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№682

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
таъин намудани Икромӣ С.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Икромӣ Сироҷиддин Салом муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№683

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Президенти Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон таъин намудани Хушвахтзода Қ.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№684

 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Агентии инноватсия ва технологияҳои
рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мирзо Х.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Мирзо Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№685

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
таъин намудани Раҳмонзода А.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№686

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид
оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)
таъин намудани Раҳимӣ Д.К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳимӣ Дилшод Камолзода Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№687

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 январи соли 2024 №7
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки
амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
озод намудани Икромӣ С.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Икромӣ Сироҷиддин Салом бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 январи соли 2024 №8
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон озод намудани Хушвахтзода Қ.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 январи соли 2024 №9
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи
давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирзо Х.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирзо Хуршед Файзуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 январи соли 2024 №10
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимӣ Фарҳод

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳимӣ Фарҳод раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 январи соли 2024 №11
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Кумитаи ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Гулаҳмадзода З.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 январи соли 2024 №12
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки
амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
таъин намудани Салимзода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Салимзода Алиҷон Абдуҷалол раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 январи соли 2024 №13
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
таъин намудани Насриддинзода Э.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шоназаров Содиқ Ашӯрович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№АП-486

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сироҷзода Сайфиддин бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№АП-487

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муқимӣ Сабоҳат Амин бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№АП-488

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саидзода Исфандиёр Искандар мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№АП-489

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саидмуродзода Хурсанд Абдуваҳоб мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№АП-490

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Холиқзода Ҷонибек мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№АП-491

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button