ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

ҲИЗБИ НАҲЗАТ ҲУКМИ 4 УЗВИ ХОНАВОДАИ ЁҚУБОВҲОРО СИЁСӢ НОМИД ВА МАҲКУМ КАРД

Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) рӯзи 15 январи соли 2024 дар як баёния ҳукми зиндони хонаводаи Ёқубовҳоро, ки ғоибона содир шудааст, ҳамчун ҳукми “худсарона, сиёсӣ ва идомаи саркӯбҳои дигарандешон” маҳкум кард.

Тавре қаблан гузориш шуда буд, додгоҳи шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2023 Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва узви Паймони миллӣ, эътилофи 4 созмони оппозитсияи тоҷикро “ба муддати тӯлонӣ” маҳкум ба зиндон кард. Баробари ӯ падари 80-солааш Дадоҷон Ёқубов ба 14 соли зиндон, модари 75-солааш Очаҷон Ёқубова ба 7 сол ва хоҳари 52-солааш Мунира Ёқубова (Ҷӯраева) ба 5,5 соли зиндон маҳкум  шуданд.

Мақомот  то кунун расман ҳукми ин 4 узви хонаводаи Ёқубовҳоро шарҳ надодаанд, вале ҲНИТ дар изҳороташ ин ҳукмро “муҷозоти дастаҷамъонаи як оила ба хотири фаъолиятҳои сиёсии як нафар” номид ва онро мухолиф бо Сарқонуни Тоҷикистон ва қонунҳои байналмилалӣ номид. 

Ҳизби наҳзат бо ёдоварӣ аз ин ки қаблан узви раёсаташ Шамсиддин Саидов ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро низ ғоибона маҳкум ба зиндон карда буданд, гуфт, “раҳбарияти кишвар додгоҳҳоро ба василаи саркӯби дигарандешӣ ва таҳкими раванди худкомагӣ дар кишвар табдил додааст. Ҳукумат аз тариқи додгоҳҳо мехоҳад муҷозоти дастаҷамъонаи хонаводаҳои мухолифини сиёсиашро пӯшиши қонунӣ бидиҳад”.

ҲНИТ аз созмонҳои байналмилалӣ дархост мекунад, ки ба ин амали мақомоти Тоҷикистон бетаваҷҷӯҳ набошанд ва “нагузоранд, ки ҳукумат аз додгоҳҳо сӯиистифода намуда, муҷозоти дастаҷамъонаи наздикони мухолифинро ба як амри оддӣ табдил дода,  тамоми арзишҳои демократӣ ва инсониро поймол намояд”.

Қаблан хабар дода шуд, ки баррасии парвандаҳои 4 узви хонаводаи Ёқубовҳо дар додгоҳи Хуҷанд ва судури ҳукми онҳо ба сурати ғоибона сурат гирифтааст, чунки Илҳомҷон Ёқубов ва наздикони маҳкумшудааш ҳама дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Илҳомҷон Ёқубов ин ҳукмҳоро сангин номида, гуфтааст, “падару модари солхӯрдаам ва хоҳарам ба фаъолияти ман ҳеҷ рабте надоранд, чаро бояд ба зиндон маҳкум шаванд?”

 Илҳомҷон Ёқубов, устоди варзиш дар намуди муштзанӣ (бокс) ва раҳбари собиқи созмони вилоятии ҳизби наҳзат дар вилояти Суғд, соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва ҳоло дар Литва, як кишвари собиқ Шӯравии узви Иттиҳоди Аврупо ба сар мебарад.   Падару модар ва хоҳараш соли 2016 ба Аврупо омаданд. Илҳмонҷон Ёқубов мегӯяд, мақомоти Хуҷанд ҳанӯз соли 2016 акси ӯро дар қатори шахсони таҳти ҷустуҷӯ гузошта буданд.

“Он замон алайҳи ман ба иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ва тундгароӣ парванда боз карданд. Акси падари 80-сола, модари 75-сола ва хоҳари 52-солаамро дар соли 2023 ба ин қатор изофа карданд,” – гуфтааст  ӯ.

Падари ӯ Дадоҷон Ёқубов, устоди собиқи Донишгоҳи Хуҷанд, ки 80 сол дорад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пиромуни масоили мухталифи Тоҷикистон аз нигоҳи интиқодӣ изҳори назар мекунад, вале модару хоҳари Илҳомҷон Ёқубов фаъолиятҳои сиёсӣ надоранд.

Як бародарам дар Тоҷикистон монда буд. Чанд муддат нопадид буд. Дар соли 2018 дарак ёфтем, ки фавтидааст. Бо талоши зиёд гӯрашро дар оромгоҳи “Нури Ислом” дар Хуҷанд ёфтем,” — мегӯяд Илҳомҷон Ёқубов.

Додгоҳҳои Тоҷикистон аз соли 2017 ба ин тараф аз таҷрибаи муҳокимаи ғоибонаи афроде, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, сар карданд. Аз ҳукмҳои пурсарусадое, ки додгоҳҳои Тоҷикистон ғоибона содир кардаанд, якеаш 15 сол ҳукми зиндони яке аз собиқадорони ҳизби наҳзат Шамсиддини Саид аст, ки ҳанӯз соли 2018 содир шуда буд. Соли 2019 Додгоҳи олии Тоҷикистон боз ҳам дар ғайбаш Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзатро ба ҳабси умрбод маҳкум кард, вале то кунун ин ҳукми худро расман нашр накардааст.

Додгоҳи олӣ фаъолияти ҲНИТ, ташаккули аз ҳама умдаи оппозитсияи тоҷикро соли 2015 манъ кард. Ин ҳизб ҳоло асосан дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо амал мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button