ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ВО-АҶАБ! ФИРОРИ ҚОЧОҚБАРИ ТОҶИК БО МОШИНИ КОРМАНДОНИ ГУМРУКИ ФУРУДГОҲИ ВНУКОВО (ВИДЕО)

Дар шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Внуково бо маводи мухаддир ба даст афтода буд, бо мошини кормандони гумрук (боҷхона) фирор кардааст.

Бино ба гузоришҳои расонаҳо ва Телеграм-каналҳои Русия, шоми 11 январи соли 2024 кормандони боҷхона дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир карданд. Қочоқбар, ки бо далоили шайъӣ ба даст афтода буд, барои ҳамкорӣ бо тафтишот розӣ шуд ва ӯро барои гирифтани баёноташ ва нишон додани махфигоҳҳо (“закладка”)  ба шуъбаи пулис бурданӣ шуданд.

Дар роҳ ронандаи мошин ба як истгоҳи фурӯши сӯзишворӣ даромада, аз мошин баромадааст, то ки баки мошинашро пур кунад. Ҳамроҳи ӯ дигар кормандони боҷхона, ки барои интиқоли дастгиршуда сафарбар шуда буданд, низ берун баромадаанд. Марди тоҷик, бо вуҷуди онки дастонаш завлонапеч буд, аз ин фурсат истифода бурда, ба курсии пеш гузашта, сари чанбари фармони мошин нишаста, газ додааст. Яке аз кормандони боҷхона хостааст, ки монеи фирори ӯ шавад ва худро ба болои капоти мошин партофтааст, вале қочоқбари фирорӣ ӯро чанд метр дар болои капот кашонда, сипас ба рӯи замин ҳавояш додааст.

Барои ҷустуҷӯи  мошин ва қочоқбари фирорӣ дар Маскав нақшаи “Перехват” эълон карданд. Баъди чанде мошини рабудашудаи тамғаи “Lada X-Ray” дар  гузаргоҳи Бескудниково дар шимоли шаҳри Маскав, 50 километр дуртар аз фурудгоҳи Внуково пайдо карда шуд, вале касе дар дохилаш набуд.

Ҷустуҷӯи шаҳрванди фирории Тоҷикистон боз чанд соати дигар дар саросари шаҳри Маскав ва атрофи пойтахти Русия идома дошт, вале дар ниҳоят ӯро аз даруни як қуттии партов дар наздикии ҳамон ҷое, ки мошинро партофта буд, пайдо карданд. Шаҳрванди Тоҷикистонро баъди боздошти дубора аз нав ба шуъбаи пулис бурданд, вале ин дафъа дар иҳотаи конвой.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст. Аз тақрибан 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button