ДОДГОҲИ РУСИЯ НИКОҲИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК БО СОКИНИ ИН КИШВАРРО ҚАЛБАКӢ ДОНИСТА, БЕКОР КАРД
Додгоҳи шаҳри Ханти-Мансийск дар минтақаи Шимоли дури Русия никоҳи як зан аз Тоҷикистон бо марди сокини ин шаҳрро қалбакӣ дониста, бекор кард.
Додситонии ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси – Югра рӯзи 15 январи соли 2024 хабар дод, ки ин ҳолати ақди никоҳи қалбакиро додситонии ҳавзаи Ханти-Мансийск ошкор кардааст.
“Муайян карда шуд, ки моҳи сентябри соли 2021 шуъбаи ЗАГСи шаҳрдории Ханти-Мансийск ақди никоҳи як зани шаҳрванди Тоҷиктстон бо сокини шаҳри Ханти-Мансийск – шаҳрванди Русияро сабт кардааст. Дар пайи ақди никоҳ зани хориҷӣ ҳаққи иқомати муваққат дар қаламрави Русияро ба даст овардааст Аммо аз замони сабти никоҳашон ин зану шавҳар ҳамроз зиндагӣ накардаанд, хоҷагии умумиро пеш намебурданд ва ягон молу мулки умумӣ надоштанд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
Додситонӣ вобаста ба ин ҳолат аз додгоҳ хостааст, ки ақди никоҳи ин ҷуфтро бекор кунад ва, бино ба гузориши додситонии ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси, “бо қарори додгоҳ талаби додситонӣ пурра қонеъ гардонда шуда, ақди никоҳ бекор карда шуд”.
Худи ин зани тоҷик, ки никоҳашро бекор кардаанд, барои шарҳи қазия дастрас нест.
Ин ягона мавриди ба ақди никоҳҳои қалбакӣ айбдор шудани зодагони Тоҷикистон дар Русия нест. Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар ин авохир додгоҳҳои Русия даҳҳо никоҳи шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони хориҷиро қалбакӣ дониста, бекор кардаанд.
Ҳар сол, бино ба ҳисобҳо, то 500 нафар ва солона даҳҳо ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд. Дар умум, аз аввали асли 21 алакай беш аз як миллон нафар аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ҳазорон нафари онҳо аз тариқи издивоҷ бо сокинони Русия тавонистаанд соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд.
Шаҳри Ханти-Мансийск (ба забони халқҳои бумии хант ва манси – Ёмвоч ё Ёмвош) – шаҳрест бо 110 ҳазор аҳолӣ дар минтақаи Шимоли дури Русия, ки бо иқлими қаҳратуни худ, бавижа дар фасли зимистон, ки дар ин ҷо то ним сол метавонад давом ёбад, фарқ мекунад.
Аз Ханти-Мансийск то Сургут 300 километр, то Тюмен 670 километр, то Екатеринбург – қариб 1000 километр ва то Душанбе, пойтахти Тоҷикистон беш аз 3300 километр роҳ аст!