ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ЧАРО ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД РОҲИ АЗ ЧИН ҶУДОИ ТАЙВАНРО ТАРАФДОРӢ НАКАРДАНД?

Рӯзи 13-уми январи соли 2024 дар як интихоботи таърихӣ  дар Тайван Вилям Лай (Лай Синдэ), як сиёсатмадори тарафдори истиқлоли ин ҷазира, ки дар Пекин ӯро ҷудоиталаб мешуморанд,ғолиб омад. Пирӯзии Вилям Лай ба маъноест, ки сокинони Тайван майли чандоне барои пайвастан ба Чин (Хитой) надоранд ва бо интихоби Лай нишон доданд, ки роҳи онҳо аз роҳи Чин ҷудост.

Пас аз эълони натиҷаи ниҳоӣ ва бурди Лай дар интихоботи президентӣ, Чин фавран ва бо асабоният бори дигар таъкид намуд, ки “ҷазираи Тайван бахше аз кишвари Чин аст”.

Аммо Лай дар аввалин суханронии худ изҳор дошт, ки Тайван дар роҳи бозгаштнопазир қарор дорад. “Кишвар ҳаракат ба масири дурустро идома хоҳад дод, мо ба ақиб бар намегардем”, – гуфт Лай. Ӯ афзуд, ки ба истиқлол нест, вале фикри бастани кадом навъ иттиҳоде бо Чинро ҳам дар сар надорад. Лай таъкид кард, ки дар ҳолати зарурӣ аз таҳдидҳои Чин дар муқобили Тайван аз кишвараш дифоъ мекунад.

То ккунун Чин борҳо ба Тайван ҳушдор додааст, ки дар сурати эълони худмухторӣ, Чин барои дифоъ аз якпорчагии худ тамоми чораҳоро меандешад, аз ҷумла аз қувваи низомӣ ва артиш низ истифода хоҳад бурд.

Вале Лай зимни суханронии худ гуфт, ки “вокуниши Чин бароям муҳим нест. Мо бояд арзишҳои худро ҳифз кунем ва ончиро дуруст медонем бар он пофишорӣ кунем”.

Амрико, Британия ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, ки муттаҳидони Тайван ба ҳисоб мераванд, Лайро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик гуфтаанд.

Аммо ҳампаймонҳои Чин дар пайи пирӯзии истиқлолҷӯён дар интихоботи Тайван бори дигар таъкид карданд, ки аз сиёсати “Чини воҳид” пуштибонӣ мекунанд. Чунин мавқеъгирӣ бо ҳимоят аз “Чини воҳид” аз шурутест, ки Пекин ҳамчун як шарти ҳамкорӣ ва сармоягузориаш тақрибан бо ҳама кишварҳо дар байн мегузорад.

 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ алакай рӯзи 14 январи соли 2024, ҳамагӣ сооте баъди эълони натиҷаҳои интихоботи президенти Тайвандар як изҳорот аз “Чини воҳид” дифоъ кард . Душанбе расман эълон намуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи ин кишвар медонад.

“Тоҷикистон бинобар ба истилоҳ интихоботи 13 январи соли ҷорӣ дар Тайвани Чин баргузоршуда, ҷонибдории комили худро аз сиёсати “Чини воҳид” изҳор медорад ва ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад”, – гуфта мешавад  дар ин баёнияи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба дунболи Тоҷикистон, рӯзи 15 январи соли 2024, вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ ба ҳамин монанд баёнияеро дар сомонаи худ нашр намуд.

“Бори дигар изҳор медорем, ки мо мо аз асли “Чини воҳид” ва ин, ки Ҷумҳурии мардумии Чин ягона ҳукумати қонунии Чин будаа, Тайван қисмати ҷудонопазири Чин аст, ҳимоят мекунем”,  –омадааст дар баёнияи вазорати хориҷаи Ӯзбекистон.

Чунин вокуниши сареъ ва ҷавобгӯи хостҳои Пекин аз ҷониби Душанбеву Тошкандро коршиносон ба сатҳи вобастагии иқтисодии ҳарду кишвар аз кумаку сармоягузориҳои Чин бастагӣ медиҳанд.

Чин кайҳо ба сармоягузор ва кумакрасони №1 барои ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфта, аксари тарҳҳои бузург дар ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ: аз бунёди шоҳроҳҳову нақбҳо то сохтмони ҳатто бинои нави ҳукумат ва парлумони ин кишвар бо кумаки молиявии Чин ва аз ҷониби ширкати хитоӣ амалӣ карда мешаванд. Аз беш аз 3 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон низ қариб нисфашро қарзҳои аз бонки давлатии “Эксимбонк”-и Чин гирифтаи Душанбе ташкил медиҳанд

Ӯзбекистон низ аз Хитой 3,8 миллиард доллар қарздор аст. Ин ҳамагӣ 12 дарсад аз 31,5 миллиард доллар қарзи хориҷии Тошкандро ташкил медиҳад, вале ба сари худ пули кам нест.

Нозирони умур дар ин лобало аз мавқеи ҷавобгӯи хостҳои Пекин баёния додани кишварҳои вобастае, чун Тоҷикистон ё Ӯзбекистонро, мавқеъгирии прагматикӣ мешуморанд ва мегӯянд, ин кишварҳо ба хотири Тайван, ки то кунун барои кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак ё сармоягузорие накардааст, наметавонанд муносибатҳояшонро бо сармоягузори рақами якашон бад кунанд.

Чин Тайванро як қисмате аз хоки худ медонад, вале Тайван дорои Сарқонун, ҳукумат ва ҳатто артиш буда, худро кишвари мустақил меҳисобад. Бо онки масоҳати Таёван бо 168 ҷазирааш ҳамагӣ 36 ҳазор километри мураббаъ (тақрибан чоряки масоҳати Тоҷикистон) ва аҳолиаш ҳамагӣ 20 миллион нафар аст, иқтисоди Тайван 19-умин иқтисоди аз ҳама қавӣ дар дунё ба шумор меояд.

Даъвои Чин ба сари Тайван собиқаи қадимӣ дорад. Пас аз шикаст хӯрдани аъзоёни ҳизби  Гоминдан аз ҳизби коммунист дар Чин дар ҷанги дохилии солҳои 1945-1950, аъзои боқимондаи Гоминдан ба раҳбарии генерали машҳур Чан Кай Ши, дар ҷазираи Тайван ва ҷазираҳои атрофи он сангар гирифта, ин сарзаминро Ҷумҳурии Чин ва шаҳри Тайбэйро пойтахти он эълон карданд. То соли 1970 Тайван ҳатто узви Созмони Милал ҳам буд.

Соли 1971 Чини коммунистӣ билохира тавонист ҳукумати гоминдании Тайванро аз Созмони Милал берун андозад. Бо ҳам Тайван расман гӯё аз байн рафт. То кунун танҳо 12 кишвари начандон пурнуфуз, аз ҷумла Ҳаити, ҷазираҳои Маршалл, Гватемала ва Ватикан Тайванро ба расмият мешиносанд.Вале кишварҳои бузурги ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва кишварҳои Аврупо ба сурати ғайриаланӣ аз Тайван дар баҳсҳояш бо Хитой пуштибонӣ мекунанд.

Аз соли 1993 инҷониб Тайван ҳар сол барои бар гаштан ба СММ кӯшиш мекунад. Вале пайваста аз ҷониби СММ ҷавоби радро мегирад.

То соли 1988 ин ҷазира аз худмухтории худ садо баланд намекард. Вале бо ба сари мансаби президентӣ  расидани Ли Дэнхуэй (1988-2000) ақидаҳои ҷудоиталабӣ ва соҳибистиқлолӣ дар Тайван дигарбора боло гирифт. Пас аз ӯ Чэн Шуйбян (2000-2008) раисҷумҳур шуд, ки ӯ низ ақидаҳои ҷудоиталабонаро пайгирӣ мекард. Президенти қаблии Тайван хонум Тсай Ин Вен ҳам тарафдори Пекин набуд. Лозим ба зикр аст, ки президенти кунунӣ Вилям Лай дар аҳди ӯ ноиби президент буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button