ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР РӮДАКӢ, ДӮСТӢ ВА РОҲИ ИСКАНДАРКӮЛ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 11 ва 12 январи соли 2024 дар 3 садама дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Дӯстӣ ва Айнӣ 4 нафар ҷон бохтаанд.
Аз ҷумла шоми 11-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:00, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра”, Қаноатов Қосимҷон Маҳмадаминович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Ҳисор дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саимуродов Расул, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки мехост роҳро гузарад, пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Саидмуродов Р. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби ронанда дар беморхона бистарӣ гардида, баъд аз чанд вақт ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 12-уми январи соли 2024, тахминан соати 08:30, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Королла”, Негматова Гулрафтор Мирзоҷоновна, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони тамғаи “Скутер”, ноболиғ Ризоев Юсуфҷон Олимҷонович, соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, Ризоев С.Ш. бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нимаи дуюми рӯзи 11-уми январи соли 2024, тахминан соати 14:30, ронандаи мошини боркаши тамғаи «Шакман», Раҳмонов Фарзон Фузайлиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми аз самти деҳаи Искандаркӯл ба самти деҳаи Диҷики ноҳияи Айнӣ ҳаракат намуданаш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар роҳи мошингарди «Зарафшон-Искандаркӯл», дар мавзеи Сари кӯпруки осиёб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ аз баландии 20 метр чапа шудааст. Дар натиҷа, ронанда ва мусофири мошин, Алимов Аброр Олимович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳарду дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Канали “Парвиз ТВ” як сабти видеоӣ аз маҳалли садамаи мошини брркаш дар ноҳияи Айниро нашр кардааст: