ВарзишВидео

ТИМИ ТОҶИКИСТОН БОЗИИ НАХУСТИНАШРО ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023 БО ХИТОЙ МУСОВӢ КАРД (ВИДЕО)

 Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки бори аввал дар таърихаш ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтааст, бозии нахустини худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар, дар гуруҳи “А” бо тими Хитой (Чин) бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод. Ин бозӣ шоми 13 январи соли 2024 дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар бо ҳузури 4 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Омори бозӣ ҳокӣ аз он аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон нисбат ба ҳарифонаш як каме бартарӣ дошт ва барои мисол, 51,4 фоизи вақти бозӣ тӯб дар ихтиёри футболбозони тоҷик ва танҳо дар 48,6 фоизи боқимондааш дар дасти футболбозони Хитой қарор дошт. Ҳамин тавр, футболбозони тоҷик дар ин бозӣ 20 зарба ва хитоиҳо ҳамагӣ 10 зарба задаанд. Вале шумораи зарбаҳои ба самти дарвозаи ҳариф задаи ҳарду тим баробар аст ва чандон зиёд нест: Тоҷикистону Чин ҳамагӣ дудафъаӣ дарвозаҳои якдигарро нишон гирифтаанд.

Дар дақиқаи 80 футболбозони Хитой ҳимоятгари тими Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанноновро бо зӯр тела дода, аз майдон берун карданд ва дар ҳамин ҳолат Чжу Чэнтзе бо сараш гол зад.

Аммо сардовари ин бозӣ Муҳаммад Халид Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ) пас аз тамошои ин лаҳза тавассути видео (VAR) ба хулосае расид, ки ин гол дар ҳолати нобозӣ (офсайд) зада шудааст ва онро ба ҳисоб нагирифт.

Сармураббии тими Тоҷикистон Петр Шегрт пас анҷоми бозӣ гуфт, аз натиҷаи бадастовардаи тимаш хеле қаноатманд аст: “Албатта, мо мехостем 3 имтиёз бигирем, вале фурсатҳои қулайро истифода набурдем ва ягон гол зада натавонистем. Вале дар айни замон мо ягон гол ҳам сар надодем, ки ин ҳам муваффақият аст. Ҳадафи мо баромадан аз гуруҳ аст ва мо роҳро ба сӯи амалӣ сохтани ин ҳадаф идома медиҳем. Инро ҳам ба назар бигиред, ки мо Манучеҳр Ҷалилов ва Парвиз Ҷӯрабоевро аз даст додем ва дар шароити кишвари хурде ба мисли Тоҷикистон пайдо кардани футболбозони ҳамвазни онҳо кори саҳлу осоне нест”.

Баъди даври аввал дар гуруҳи “А” тими мизбон Қатар, ки дар бозии ифтитоҳии Ҷоми Осиё-2023 дар варзишгоҳи шаҳри тозабунёди Лусайл, воқеъ дар 20-километрии шимоли Давҳа бар тими Лубнон бо натиҷаи бузурги 3:0 ғолиб омад, дар мақоми аввал қарор дод. Тимҳои Хитой ва Тоҷикистон, ки якимтиёзӣ гирифтаанд, дар зинаҳои дуюм ва сеюм ҷойгир шудаанд ва аз ҳама охир тими Лубнон аст, ки дар бозии аввал аз Қатар шикаст хӯрд.

Дар даври дуюми мусобиқоти Ҷоми Осиё дар гуруҳи “А” Тоҷикистон рӯзи 17 январ дар муқобили тими мизбон, Қатар ба майдон мебарояд. Чин бо Лубнон вориди рақобат хоҳад шуд.

Ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 24 даста, аз ҷумла 3 даста аз Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон роҳ ёфтаанд. Ин 24 даста дар 6 гуруҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гуруҳ дастаҳое, ки ду ҷои аввалро мегиранд, ҳамчунин 4 даста аз миёни 6 дастае, ки ҷойҳои сеюмро мегиранд, вале натиҷаи беҳтар ба даст меоранд, роҳии марҳалаи баъдии мусобиқот мешаванд.

Ҷоми Осиё-2023

✅Гуруҳи “А”. Даври якум

🇨🇳Хитой – 🇹🇯Тоҷик истон – 0:0

🇹🇯Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Алишер Шукуров (Алиҷони Бӯризод, 89), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 90+6), Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 89).

🔝Бозигари беҳтарини бозӣ: Алишер Ҷалилов (🇹🇯 Тоҷикистон).

🏟13 январи соли 2024. Давҳа, Қатар. Варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа. 4001 тамошобин.

Возможно, это изображение 2 человека, люди играют в футбол, люди играют в футбол и текст «ASIAN ASTIANCUP CUP QATAR 2023 2 ABDULLAH IN KHALIFA STADIUM O O SHOT FULL TIME 20 10 2 48.6 SHOTS ON TARGET POSSESSION YELLOW CARDS 2 51.4 2 O O REDCARD RED CARDS»
Возможно, это изображение ‎текст «‎AFC ASIAN CUP QATAR 2023" اَعا # Team GROUP A WDG 1 PTS. QAT 100+3 +3 2 3 CHN 0100 0 3 1 TJK LBN 001-3 0‎»‎

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button