МуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

НАҶОТИ 65 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА 55 МУҲОҶИРИ ӮЗБЕК АЗ САРДӢ ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН (4 АКС)

Шаби 13 ба 14 январи соли 2024 кормандони пулис дар вилояти Оқмола дар шимоли Қазоқистон 65 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як кӯдаки даҳсола ва 14 занро, ки автобусашон дар ними роҳ вайрон шуда буд, аз сардӣ наҷот додаанд. Дар ин бора Телеграм-канали пулиси Қазоқистон Polisia.Kz хабар дод. Муҳоҷиронро дар ҳоле аз ними роҳ берун оварданд, ки ҳаво шабона дар ин минтақа то -26 дараҷа сард шуда, ҳаракати нақлиёт ба далели сардӣ расман манъ карда шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, шаби 14 январ дар роҳи Остона – Петропавловск як автобуси мусофиркаш, ки аз шаҳри Сургут дар шимоли дури Русия ба Тоҷикистон раҳсипор буд, ба иллати кафидани лӯлаи ҳавояш вайрон шудааст. Дар роҳи расман барои равуои нақлиёт баста ронандагон бо 65 мусофир дар зери ҳавои сард дармонда буданд.

Канали пулиси Қазоқистон дар гузоришаш гуфт:  “Ба кумаки хориҷиён намояндагони ротаи пулиси дидбонӣ дар ҳайъати лейтенантҳои калон Азамат Тулегенов ва Нурсултон Сағандиқов расиданд. Онҳо ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мақомоти маҳаллиро аз ин ҳодиса хабардор карда, сипас автобусро дидан ва иллати вайрон шуданашро ёфтанд. Кормандони пулис ҳамроҳи ронандагон нуқсони автобусро дуруст карданд ва автобусро бо ҷамъи мусофиронаш ба наздиктарин нуқтаи гарм дар шаҳри Оқкӯл бурданд. Шаҳрвандони хориҷӣ то замони расман боз шудани роҳ ва оғози дигарбораи равуои воситаҳои нақлиёт дар ҳамин ҷо хоҳанд монд”.

This image has an empty alt attribute; its file name is XYY_l6hEqM-V4MbcqNqoqEB_IaiebZAm.jpg

Ҳамин тавр, рӯзи 13 январ дар шоҳроҳи Самара – Чимкент дар ҳудуди ноҳияи Оқтеппа дар шимоли Қазоқистон боз ҳам ба иллати вайрон шудани автобусашгон 55 шаҳрванди Ӯзбекистон дар ҳавои сард дар ними роҳ дармонданд. Кормандони департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқтеппе муҳоҷирони ӯзбекро, ки аз шаҳри Қазони Русия ба Тошканд раҳсипор буданд, аз роҳ кӯчонда, дар як макони гарм дар масҷиди шаҳраки Қарабӯтак ҷой кардаанд. Қарабӯтак дар ҳамагӣ 120-километрии марзи Қазоқистон бо вилояти Оренбурги Русия ҷойгир шудааст.

Ин ҳодисаҳои ахири дар роҳ ба мушкилот дучор шудани муҳоҷирон дар ҳолест, ки дар шимоли Қазоқистон ин шабу рӯз сармои қаҳратуне ҳукмфармост ва ҳарорати ҳаво, тибқи ҷадвали Тселсий, то -36 дараҷа поён  рафтааст.

Мақомоти Қазоқистон дар ҳафтаҳои охир дар бораи чандин мавриди дар сардӣ дар нимаи роҳ дармондани муҳоҷирони корие, ки аз Русия бармегарданд, хабар медиҳанд.

Ба сабаби гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, ҳазорон нафар аз муҳоҷирон маҷбуранд, ки бо нақлиёти заминӣ ба Ватан баргарданд. Сафар бо автобус барои онҳо арзонтар тамом мешавад, вале хатарҳои зиёдеро дар роҳ, мисли вайрон шудани автобусу бо ҳар баҳона аз онҳо пул кандани мақомоти маҳаллӣ дар тӯли роҳи тӯлониашонро бо худ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button