ДУЗДИИ 7 МУҲАРРИК ДАР КОНИБОДОМ ВА РАБУДАНИ СКУТЕР ДАР ПАНҶАКЕНТ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Конибодом 25-уми декабри соли 2023, тахминан соати 20:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба анборхонаи манзили истиқоматии марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо 7-адад муҳаррикҳои барқии насоси обкаширо, ки маблағи умумиашон 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Панҷакент, 20-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 16:00, бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматии марди 51-солаи сокини шаҳри мазкур 1-адад дучархаи тамғаи «Скутер»-ро, ки арзишаш 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон