АЗ ҒОЯТИ РАШК ДАСТУ ПОИ ҲАМСАРАШРО БАСТА, 34 КОРДАШ ЗАД…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати куштори ҳамсар бо бераҳмии махсус аз ҷониби шавҳари бадрашк хабар дод. Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Худи гумонбаршаванда ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи мақомот, субҳи 12-уми январи соли 2024, тахминан соати 08:00, марди сокини ноҳияи Данғара бо сабабҳои рашки оилавӣ ба хонаи ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур рафта, дасту пойҳояшро баста, бо корди ошхонагӣ 34 маротиба ба узвҳои махсусан муҳими баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ин ҳодисаи фоҷиавӣ дастрас нест. Маълум нест, ки оё чӣ боиси чунин ғояти рашки шавҳар нисбат ба ҳамсараш шудааст.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад. Ба сокини Данғара барои одамкушӣ бо бераҳмии махсус бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Вале маъмулан додгоҳҳо дар ҳолати ҳаяҷон қарор доштани афроди муттаҳам ба одамкуширо ба ҳисоб гирифта, ба онҳо чизе дар байни аз 15 то 25 соли зиндон медиҳанд.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд.
Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.