
Шоми 12 январи соли 2024, тақрибан соати 18:41, дар километри сеюми роҳи гирдгардони Кстово дар вилояти Нижний Новгороди Русия автобуси пур аз коргарони ширкати “Каркас Монолит” бо мошини боркаши тамғаи “Амур” бархӯрд. Дар натиҷа, 2 нафар: ронандаи фура ва як мусофири автобус ба ҳалокат расида, 10 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Нозироти кори вилояти Нижний Новгород хабар дод, ки ҳамаи мусофирони автобус шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.
Ва аммо Зафар Мӯъминов, раиси ҷамъияти тоҷикони созмони тоҷикони Нижний Новгород “Умед” ба радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) гуфт, рӯзи шанбе ба беморхонаи ноҳияи Кстово ва беморхонаи ба номи Семашко дар шаҳри Нижний Новгород, ки осебдидаҳои садамаи ахир интиқол дода шудаанд, рафта, аз ҳоли онҳо хабар гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни маҷрӯҳон “3 шаҳрванди Тоҷикистон ва 6 шаҳрванди Узбекистон мебошанд”. Муҳоҷирон дар бемористон ба Мӯъминов гуфтаанд, ки ронандаи автобуси онҳо, ки шаҳрванди Русия буд, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.
Сарраёсати корҳои дохилии вилоят гуфт, ҳамаи мусофирони автобус дар Русия будубоши қонунӣ дошта, дар ширкати сохтмонии “Каркас Монолит” бо қарордодҳои расмӣ кор мекарданд.
Ин ниҳод гуфт, ки нисбат ба ронандаи автобус парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
“Нисбат ба ронандаи автобуси ПАЗ – иштирокчии садама дар километри сеюми роҳи Кстово бар асоси қисми сеюми моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
Ба иттилои пулис, ронандаи автобус, соли таваллудаш 1973, ба сабабҳои ҳанӯз норӯшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист ва ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини боркаш бархӯрд. Дар пайи ин, боз як мошини сабукрави роҳгузар низ ба ин фура ва автобус задааст. Ба ронандаи автобус акнун бар асоси қисми сеюми моддаи 264 ҳамчун ҷазо то 4 соли корҳои ислоҳӣ ё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
.jpg?w=708&ssl=1)
Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин садамаи пурқурбонии муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия аст. Рӯзи 11 январи соли 2024 як мошини мусофиркаши тамғаи JAC бо рақамҳои Ӯзбекистон дар ҳудуди ноҳияи Нижний ломи вилояти Пенза ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини боркаши тамғаи Volvo бархӯрд. Дар натиҷа, 7 нафаре, ки дар мошини мусофиркаш сафар доштанд, ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд. Дар робита ба ин садама низ бар асоси моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Русия парванда кушодаанд.
Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.