ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

СӮХТОР ДАР ЯК АНБОРИ БУЗУРГИ ШИРКАТИ WILDBERRIES ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ (ВИДЕО)

Шаби 13-уми январи соли 2024 дар минтақаи Шушари дар ноҳияи Пушкин, дар канори шаҳри Санкт-Петербурги Русия, яке аз бузургтарин анборҳои Wildberries, фурӯшгоҳи бузургтарини интернетии Русия ба коми оташ рафт.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар дод, ки сӯхтор масоҳати 75 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, барои хомӯш кардани он беш аз 400 сӯхторнишон ва беш аз 100 мошину техникаи гуногуни сӯхторнишонӣ сафарбар карда шуданд.

Бино ба хабарҳо, ҳангоми сар задани сӯхтор дар дохили бино ҳудуди 1200 нафар машғули кор будаанд. Телеграм-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики Shot хабар дод, ки дар натиҷаи сӯхтор касе осеб надидааст. Вале расонаҳои дигар дар бораи ба табибон муроҷиат карданид дасти кам 2 нафар хабар медиҳанд.

 таъкид мекунад, ки 2 нефар ба беморхона муроҷиат намудааст.

Ба иттилои Shot, сӯхтор аввал дар қисмате, ки молҳо дар сардхона нигоҳдорӣ мешаванд, ба амал омада, баъдан қисматҳои дигари анборро фаро гирифтааст. Ҳатто алангаи оташ ба мошинҳои боркаш, ки дар таваққуфгоҳи анбор дуртар аз бинои асосӣ дар навбат истода будаанд, таҳдид мекардааст.

Аммо Mash, як телеграм-канали дигари наздик ба мақомоти Русия, менависад,  “сӯхтор аввалан дар бахши якум (блоки номер 1), ки яхдонҳо дар онҷо насб шудаанд, сар задааст. Аз сабабе, ки ҳафтае қабл чанд маротиба дар бахшҳои якум ва дуввуми сардхона системаи зидди сӯхтор бонги хатари бардурӯғ дода буд, ин дафъа низ кормандон гумон кардаанд, ки бонги хатар бардурӯғ асту чорае наандешидаанд”.

Канали Mash на Мойке аз қавли шоҳидон навиштааст, ки масъулони анбор бо мақсади пешгирӣ аз паҳн шудаани оташ ба дигар блокҳо дарҳоро бастаанд ва ин боиси таҷаммӯи издиҳом ва ҳамдигарро пахш кардани одамон дар ягона роҳрави танги боқимонда барои кӯчондани коргарон аз анбори даргирифта шудааст.

 

Канали Baza дар шарҳи сабаби ба вуҷуд омадани танба (давка) дар баромадгоҳ аз қавли манобеи худ хабар дод, ки гӯё масъулони анбор кормандонро пеш аз баромаданашон аз маҳалли сӯхтор як ба як кофтукоб кардаанд, то ки чизеро надузданд.

Зарари расида бар асари сӯхтор тақрибан 11 миллиард рубл, баробари тақрибан 120 миллион доллар баровард мешавад. Масъулони Wildberries гуфтаанд, ки зарари кашидаи ҳамаи муштариёнро ҷуброн хоҳанд кард.

Бино ба маълумотҳо, системаи зидди сӯхтор, соати 4:20 ба вақти маҳаллӣ бонги хатар додааст. Вале кормандон танҳо соати 7:30 ба ҷиддӣ будани бонги хатар бовар карда, худро аз тариқи дару девор, ҳатто аз ошёнаҳои 2-юму 3-юм ба замин партофтаанд.

Пойгоҳи хабарии РБК бо такя ба манобеи худ дар вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия менависад, ки “шояд анбор барқасдона оташ зада шуда бошад”.

Бино ба навиштаи ин расонаи русӣ, шоми 10-уми январи соли 2024 дар дохили ин  анбор занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирон ба вуқуъ пайвастааст, ки дар натиҷа як корманди анбор, шаҳрванди 33-солаи  Озарбойҷон ва як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, расман дар ягонҷо кор намекард, бо захмҳои корд бистарӣ карда шуданд. Шаҳрванди Озарбойҷон феълан дар бемористон аст, вале шаҳрванди Тоҷикистонро баъди расондани кумаки тиббӣ ба ҳабс гирифтаанд. Сабаби муноқишаи байни муҳоҷирон маълум нест.

Бино ба маълумотҳо, пас аз ин занозании гурӯҳӣ, мақомоти қудратии Русия таи ду рӯзи охир бо ҷалби “ОМОН” дар ин анбори Wildberries  пайиҳам чандин “рейд” гузаронидаанд.

Масоҳати ин анбори Wildberries 122 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, он соли 2021 бо сарфи 3 миллиард рубли русӣ сохта шудааст. Wildberries бузургтарин фурӯшгоҳи интернетӣ дар Русия ба шумор меравад ва дар анборҳои он даҳҳо ҳазор нафар кор мекунанд. Аксари кормандони ин ширкатро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Як чахон ташаккур.
    Ака набоша ячи кор мекни да. Ай КГБи Точикистон дида тезтар ай хама чиз хабардор мешай. Ай Эрону Афганистон саркарда то Питер хама чиза медони.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button